Нигаронӣ аз афзоиши гарду ғубор, густариши иқтисоди сабз ва барориши “вомбарг”-ҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши экологӣ дар Остона чӣ гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Шоира Мадалиева

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 22-юми апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар Ҳамоиши минтақавии экологӣ иштирок ва суханронӣ карда, дар робита ба масъалаҳои калидии марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об ва рушди устувор ҳарф зад.

Дар бозкушоии ҳамоиши мазкур, ки дар мавзуи “Диди муштарак барои ояндаи устувор” баргузор шуд, сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Арманистон, Гурҷистон ва Муғулистон иштирок карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ таъкид кард, ки дар ҳудуди Тоҷикистон то 60% захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад.

Акс аз prezident.tj

Ӯ ҳамчунин ба афзоиши раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон ишора карда гуфт, аз 14 ҳазор пиряхи кишвар зиёда аз ҳазор адади онҳо аллакай пурра аз байн рафтаанд ва ин раванд ба вайрон шудани тавозуни об ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат мекунад.

Афзоиши хокбориш дар Тоҷикистон

Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки Эмомалӣ Раҳмон нигаронкунанда хонд, афзоиши тӯфони гарду ғубори солҳои охир дар кишварҳои минтақа ва зарари он ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист буд.

Ба қавли ӯ, соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 65 ҳолати хокбориш давоми тақрибан 7 моҳ ба қайд гирифта шудааст.

“Дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта басомади чунин падидаҳо ҳамагӣ 2–3 маротиба дар як солро ташкил медод” – гуфт ӯ.

Барориши “вомбарг”-ҳои сабз

Иқтисодиёти сабз ва истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ва сармоягузорӣ дар ин самт аз масоили дигаре буд, ки махсус таъкид шуд. 

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина барориши вомбаргҳои “сабз”-ро роҳандозӣ кардааст, ки ба гуфтаи ӯ, қадами муҳим дар роҳи ҳамгироии кишвар ба низоми ҷаҳонии маблағгузорӣ дар самти иқлим мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки дар Тоҷикистон “Барномаи давлатии сабзкорӣ барои давраи то соли 2040” қабул шудааст, ки нишондани беш аз 1 миллиард дарахтро барои барқарорсозии экосистемаҳои ҷангал пешбинӣ мекунад.

Ба қавли раисҷумҳур, дар солҳои истиқлол дар Тоҷикистон масоҳати умумии ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ аз 2,5 то 22% афзоиш ёфтааст. 

Ӯ бо таъкид ба барнома ва лоиҳаҳое, ки дар Тоҷикистон барои ҳифзи намудҳои нодир ва беназири набототу ҳайвонот амалӣ мешавад, гуфт, “чунин тадбирҳо, аз ҷумла, ба ҳифз ва зиёд намудани саршумори паланги барфӣ – яке аз рамзҳои экосистемаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ, инчунин бузи Морхӯр, гӯсфанди кӯҳӣ ва харгӯши ваҳшӣ равона шудаанд. Шумораи онҳо имрӯз ба зиёда аз 30 ҳазор сар расидааст”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ёдовар шуда, гуфт, Тоҷикистон дар доираи татбиқи Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” талошҳои худро идома медиҳад.

Дар поёни суханронии худ, Эмомалӣ Раҳмон аз иштирокдорон даъват кард, ки дар Ҳамоиши чоруми байналмилалӣ оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки даҳаи сеюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунанд.

Дар интиҳои кори Ҳамоиши минтақавии экологӣ Эъломияи муштараки сарони давлатҳо қабул гардида, Барномаи минтақавии амал барои солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз, 21-уми апрел барои иштирок дар ин ҳамоиш вориди Остона шуд ва бо Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ҳамтои қазоқистониаш дидор ва мулоқот кард.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ӯ бо Ваагн Хачатурян, раисҷумҳури Арманистон вохӯрда, дар ин дидор гуфт, “Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли низоъ бо роҳи сиёсиву дипломатист”.

Раисҷумҳури кишвар имрӯз, 22-юми апрел аз намоишгоҳи Ҳамоиши экологӣ низ боздид кард, ки дар он гӯшаи Тоҷикистон низ ташкил шудааст.

Бояд гуфт, Ҳамоиши минтақавии экологӣ имрӯз, 22-юми апрел дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона оғоз шуд ва то 24-уми апрел идома мекунад. Ҳамоиш таҳти унвони “Диди муштарак барои ояндаи устувор” баргузор мешавад ва ба ташаккули сиёсати фарогир ва абзорҳо барои ҳифз, барқарорсозӣ ва истифодаи муштараки захираҳои обиву заминӣ, инчунин, нигоҳдории гуногунии биологӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шудааст.

Ҳамчунин таҳияи қарорҳои муштарак барои рафъи ҷолишҳои экологии минтақа дар назар аст. 

Меҳвари ҳамоиш 8 самти асосиро фаро мегирад:

1. Мутобиқшавӣ ва гузариши иқтисодӣ ба хатарҳои табиӣ ва экологӣ;

2. Амнияти озуқаворӣ ва экосистемаи минтақа;

3. Идораи захираҳои табиӣ

4. Мубориза бо ифлосшавии ҳаво ва идораи партовҳо;

5. Мутобиқшавӣ ба иқлим;

6. Гузариши одилона ва фарогир;

7. Салоҳиятҳои экологӣ ва рақамӣ;

8. Сохтори расидан ба ҳадафҳои экологӣ.

Барномаи “Ҳамоиши минтақавии экологӣ” 58 чорабинӣ, аз ҷумла 37 нишасти мавзуӣ дар шакли мизи гирд ва баҳсҳои панелиро фаро мегирад.

Ҳамчунин, дар доираи Ҳамоиш имзои беш аз 50 санад дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.