Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси маъруф Раҳматилло Зойиров бо раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумон оид ба мудофиа, амният ва тартиботи қонунӣ Амирқул Азимов ва оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масоили дар изҳороти Зойиров ба парлумон зикршуда (нусхаҳояш ба КДАМ, Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон), аз ҷумла оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо зикр карданд, ки пас аз ворид намудани тағйироту илова ба қонунгузории ҷиноии кишвар, қабули қонуни махсус дар бораи пешгирӣ ва аз байн бурдани шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ дар ин самт пешравиҳои мусбати назаррас ба мушоҳида мерасанд, вале ҳолатҳое ҳам ҷой доранд, ки нисбати маҳкумшудагон аз шиканҷаву зӯроварӣ кор гирифта мешавад ва мебояд ба ин далелҳо вокуниши ҷиддӣ нишон дод.
Раиси ҲУСДТ бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки вохӯрии мазкур иқдоми мусбат аз лиҳози роҳандозии ҳамкории мутақобила дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра аст, ки ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ яке аз онҳо мебошад.
Раисони Кумитаҳои палати поёнии парлумон Азимов ва Ватанов низ пешниҳоди Зойиров дар бораи зарурати омодагӣ ва баргузории музокироти парлумонӣ оид ба масъалаи мазкур бо ҷалби мақомоти дахлдор ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро бахусус дар масъалаи баррасии вазъи иҷрои қонунгузории кишвар дар бораи шиканҷа дастгирӣ намуданд.


