Вокуниши парлумон ба изҳороти раиси ҲУСДТ оид ба мушкилоти шиканҷа

Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси маъруф Раҳматилло Зойиров бо раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумон оид ба мудофиа, амният ва тартиботи қонунӣ Амирқул Азимов ва оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили дар изҳороти Зойиров ба парлумон зикршуда (нусхаҳояш ба КДАМ, Вазорати адлия, […]

Ҳайдар Шодиев


Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон, ҳуқуқшиноси маъруф Раҳматилло Зойиров бо раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумон оид ба мудофиа, амният ва тартиботи қонунӣ Амирқул Азимов ва оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масоили дар изҳороти Зойиров ба парлумон зикршуда (нусхаҳояш ба КДАМ, Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон), аз ҷумла оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки пас аз ворид намудани тағйироту илова ба қонунгузории ҷиноии кишвар, қабули қонуни махсус дар бораи пешгирӣ ва аз байн бурдани шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳӣ дар ин самт пешравиҳои мусбати назаррас ба мушоҳида мерасанд, вале ҳолатҳое ҳам ҷой доранд, ки нисбати маҳкумшудагон аз шиканҷаву зӯроварӣ кор гирифта мешавад ва мебояд ба ин далелҳо вокуниши ҷиддӣ нишон дод.

Раиси ҲУСДТ бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки вохӯрии мазкур иқдоми мусбат аз лиҳози роҳандозии ҳамкории мутақобила дар ҳалли мушкилоти рӯзмарра аст, ки ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ яке аз онҳо мебошад.

Раисони Кумитаҳои палати поёнии парлумон Азимов ва Ватанов низ пешниҳоди Зойиров дар бораи зарурати омодагӣ ва баргузории музокироти парлумонӣ оид ба масъалаи мазкур бо ҷалби мақомоти дахлдор ва ҳамчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро бахусус дар масъалаи баррасии вазъи иҷрои қонунгузории кишвар дар бораи шиканҷа дастгирӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.