Тоҷикистон аз рӯйхати «душманони интернет» дар канор монд

Созмони байнулммилалии «Хабарнигорони бидуни марз» рӯзи 12-уми март рӯйхати нави ҳамасолаи давлатҳои «душманони интернет»-ро интишор кард, ки соли равон ба назорат аз болои интернет ва пайгирии корбарони он бахшида шудааст. Муаллифони гузориш Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои «душманони интернет» шомил накарда, аммо зикр намудаанд, ки ба ҳар ҳол дар Тоҷикистон сензураи оммавии интернет ба мушоҳида мерасад. […]

ASIA-Plus


Созмони байнулммилалии «Хабарнигорони бидуни марз» рӯзи 12-уми март рӯйхати нави ҳамасолаи давлатҳои «душманони интернет»-ро интишор кард, ки соли равон ба назорат аз болои интернет ва пайгирии корбарони он бахшида шудааст.

Муаллифони гузориш Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои «душманони интернет» шомил накарда, аммо зикр намудаанд, ки ба ҳар ҳол дар Тоҷикистон сензураи оммавии интернет ба мушоҳида мерасад. «Соли 2012 танҳо сомонаи агентии иттилоотии «Азия-Плюс» се маротиба баста шуда, он замон ширкатҳои фароҳамсози интернет маҳдудияти дастрасиро ба мушкилоти фаннӣ нисбат доданд», – баён мегардад дар гузориш.

Ҳамчунин дар гузориши созмони «Хабарнигорони бидуни марз» гуфта мешавад, қатъи фаъолияти сомона ба баъзе хисороти молӣ ва ба то андозае аз даст додани нуфузи агентӣ боис гардидааст.

Бино ба маълумоти созмон, соли гузашта як муддате ҳамчунин дастрасӣ ба сомонаҳои хабаргузориҳои


РИА «Новости»,  Lenta.ru,  Vesti.ru, Fergananews.com, ВВС ва Centrasia.ru низ қатъ гардида буд.

Созмон ишора мекунад, ки ҳарчанд Тоҷикистон ба сафи кишварҳои душманони интернет шомил нагардида бошад ҳам, «вале возеҳ аст, ки баҳри соли оянда ба ин рӯйхат ворид гардидан, Душанбе тамоми кори аз дасташ меомадаро ба сомон мерасонад, ки метавонад ба обрӯву нуфузи Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад».

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки ҳукуматдорони тоҷик бо пайравӣ аз Қазоқистон мунтазам дастрасӣ ба сомонаҳоро қатъ намуда, ба таҷрибаи бадтарини Ӯзбекистону Туркманистон дар ин самт наздик шудан доранд.

Дар гузориши нав созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ба панҷ кишвари душманони интернет – Вйетнам, Сурия, Чин, Баҳрайн ва Эрон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро «ҷосуҳои хеле фаъол» номидааст, ки мунтазам интернетро баҳри мубориза бо дигарандешӣ таҳти назорат қарор додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.