Болоравии тадриҷии тарофаи миёнаи истифодаи барқ то 3 сент

То соли 2016 тарофаи миёнаи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз 2 сенти кунунӣ тадриҷан то 2,5-3 сент барои 1 кВт/соат боло меравад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тарофаи миёна асосан аз ҳисоби нархҳои содиротӣ ба нерӯи барқ афзуда мешавад, зеро нархи миёнаи истифодаи барқ бо назардошти нархҳои […]

Заррина Эргашева


То соли 2016 тарофаи миёнаи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз 2 сенти кунунӣ тадриҷан то 2,5-3 сент барои 1 кВт/соат боло меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тарофаи миёна асосан аз ҳисоби нархҳои содиротӣ ба нерӯи барқ афзуда мешавад, зеро нархи миёнаи истифодаи барқ бо назардошти нархҳои содиротии он муқаррар карда мешавад. «Ҳама гуна соҳа бояд фоидаовар бошад ва тадриҷан болоравии нархи истифодаи барқ низ як раванди маъмулист», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, пас аз амалисозии тадбирҳо дар бахши самаранокӣ ва сарфаи энергия дар низоми энергетикӣ, то соли 2016 коҳиши истеъмоли нерӯи барқ то 2,5-3,0 млрд. кВт/соатро таъмин кардан зарур аст.

Бори охир болоравии тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар кишвар баҳори соли 2012 (афзоиши беш аз 20%) сурат гирифта буд.

Айни замон тарофаҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ – 11 дирам, истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ – 26,63 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ, нақлиёти барқӣ ва маҷмааҳои варзишӣ – 10,63 дирам, чоҳҳои мелиоративии амудӣ ва пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ – 1,88 дирам муқаррар шудааст.

Арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ зимни истифодаи он дар дегҳо ва дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо гармӣ ва оби гарм барои корхонаҳои ғайрибуҷетӣ – 65,88 дирам ва барои корхонаву муассисаҳои буҷетӣ – 19,5 дирамро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 дар Тоҷикистон 14,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2011 ба андозаи ҳудуди 4% зиёдтар аст.

Аз ҳисоби сохтмони нерӯгоҳҳои барқии нав ва таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда сол то сол афзоиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ва то соли 2016 то ба зиёда аз 24 млрд. кВт/соат расонидани он дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.