Таҳкими робитаҳо бо Созмони байналмилалии муҳоҷират

Чанде қабл мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт доир гардид. Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият ва дастовардҳо, ба имзо расонидани созишномаҳои байналмилалӣ бо як қатор кишварҳо аз ҷумла, бо […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо роҳбари Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт доир гардид.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба фаъолият ва дастовардҳо, ба имзо расонидани созишномаҳои байналмилалӣ бо як қатор кишварҳо аз ҷумла, бо Федератсияи Россия ба хонума Тайма Курт маълумот дод.

Ӯ иброз дошт, ки пурзӯр намудани кӯмакҳои техникӣ тавассути Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ба Хадамоти муҳоҷират метавонад ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбҳои мутобиқи талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ, мусоидат намояд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират пешниҳод намуд, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ, Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардад, ки дар он Директори генералии Созмони Байналмилалии Муҳочират(СБМ) ва роҳбарони диаспораҳои тоҷикони бурунмарзӣ иштирок намоянд. Ин форум барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҳамкории зич бо диаспораҳо ва барасии «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» шароити муфид фароҳам хоҳад овард.

Дар навбати худ хонум Тайма Курт, ки қариб шаш моҳ мешавад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, барои боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманд байни Хадамоти муҳоҷират ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират(СБМ) кӯшиш менамояд. Хонума Тайма Курт пешниҳоди Сардори Хадамоти муҳоҷиратро оид ба ташкили Форуми байналмилалии муҳоҷират хуб пазируфта, иброз дошт, ки: ” Иштироки Шуморо дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Форуми вазирон оид ба диаспораҳо”, ки 18-19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Женева баргузор мегардад, интизорем”.

Дар фарҷом тарафҳо доир ба нақшаҳо ва барномаҳои дар атрофи муҳоҷирати меҳнатӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.