Нашри гузориши риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» гузориши навбатии ҳамасола оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба нашр расонид. Дар гузориш вазъи ҳуқуқи инсон дар соли гузашта дар Тоҷикистон тасвир шуда, ҳамчунин тавсияҳо дар мавриди беҳбуди вазъ дар ин самт пешниҳод гардидаанд. Муалифони гузориш зикр мекунанд, ки соли 2012 ҳукуматдорони Тоҷикистон баҳри […]

Наргис Ҳамробоева


Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» гузориши навбатии ҳамасола оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба нашр расонид.

Дар гузориш вазъи ҳуқуқи инсон дар соли гузашта дар Тоҷикистон тасвир шуда, ҳамчунин тавсияҳо дар мавриди беҳбуди вазъ дар ин самт пешниҳод гардидаанд.

Муалифони гузориш зикр мекунанд, ки соли 2012 ҳукуматдорони Тоҷикистон баҳри эътирофи муттасили меъёрҳои дар ҷаҳон пазируфтаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, минбаъд ба манфиати мардум мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ва таҷрибаи амали он, бахусус дар бахши таъқиботи ҷиноӣ кӯшишоти назаррасеро ба харҷ доданд.

Аз ҷумла, Тоҷикистон қисмати қобили мулоҳизаи тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи Гузориши Универсалии Марҳилавиро қабул намуда, аз Кодекси ҷиноятӣ моддаҳои тӯҳмату таҳқирро хориҷ ва Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»-ро ба тасвиб расонид.

Соли 2012 Тоҷикистон дар Женева ба Кумитаҳои СММ дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба Конвенсияи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи тамоми муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо ва Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф ҳисобот дод.

«Аммо сарфи назар аз дастовардҳо, як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки дар масъалаи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ ба бор меоваранд», – таъкид мегардад дар гузориш.

Муаллифони гузориш ҳодисаву далелҳоеро пешниҳод кардаанд, ки аз ҷой доштани чунин мушкилот гувоҳӣ медиҳанд.

Гузориш бо теъдоди 300 нусха бо дастгирии Фонди миллии дастгирии демократия (NED) ба табъ расида, дар муассисаву корхонаҳои ба он таваҷҷуҳдошта ройгон тақсим карда мешавад. Ғайр аз ин, дар сомонаи

www.humanrts.tj

матни мукаммали гузориш бо забонҳои русиву англисӣ дастрас аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.