Моҳи феврал сатҳи таваррум 6%-ро ташкил дод

Моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6%-ро ташкил дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози сол мизони таваррум дар бозори истеъмолӣ ба 1,1% ва аз моҳи ферали соли 2012 то моҳи феврали соли 2013 ба 7% баробар шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи […]

Заррина Эргашева


Моҳи феврали соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6%-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози сол мизони таваррум дар бозори истеъмолӣ ба 1,1% ва аз моҳи ферали соли 2012 то моҳи феврали соли 2013 ба 7% баробар шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи феврали соли ҷорӣ нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ – 0,3% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,1% афзуда, тарофаҳои хизматгузорӣ ба андозаи 3,2% боло рафтанд.

Аз оғози сол маҳсулоти истеъмолӣ дар ҷумҳурӣ ба андозаи 0,7%, маҳсулоти ғайриғизоӣ – 0,3% ва хизматгузории пулакӣ ба аҳолӣ – 5% гаронтар шуданд.

Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таврррум аз рӯи натиҷаҳои соли равонро 9% пешбинӣ мекунанд. Соли 2012 мизони таваррум ба 6,4% расида буд, ки нисбат ба соли 2011 ба андозаи 2,9% поинтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.