Балашиха: Эҳтимоли фавти ҷавонзани тоҷик дар сӯхтор

Бар асари сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони «Абрамтсево» дар ноҳияи Балашихаи вилояти Маскав 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, эҳтимол меравад, яке аз фавтидагон шаҳрванди Тоҷикистон Марҷона Акбарова бошад, ки дар қаҳвахонаи «Алёшка»-и бозори мазкур кор мекардааст. «Сафорат бо чанде аз шаҳрвандони […]

Пайрав Чоршанбиев


Бар асари сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони «Абрамтсево» дар ноҳияи Балашихаи вилояти Маскав 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, эҳтимол меравад, яке аз фавтидагон шаҳрванди Тоҷикистон Марҷона Акбарова бошад, ки дар қаҳвахонаи «Алёшка»-и бозори мазкур кор мекардааст.

«Сафорат бо чанде аз шаҳрвандони тоҷики машғул ба фаъолият дар ин бозор дар тамос шуда, аз онҳо маълумот дастрас намуд, ки яке аз ҳалокшудагон шояд шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, зодаи деҳаи Яккатути ноҳияи Ҳисор Марҷона Шерова бошад», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, ҷасади фавтидагон дар мурдахонаи ноҳияи Голяновои вилояти Москва нигоҳдорӣ шуда, чанде қабл падари ҷавонзани фавтида аз шаҳри Липетск барои муайян кардани шахсияти ҷасад омадааст.

«Пайвандони Марҷонаи эҳтимолан ҳалокшуда мегӯянд, ки ӯ ҳамагӣ як ҳафта қабл ба кор даромада, соҳиби духтарчаи чорсолаест, ки бо падару модари фавтида зиндагӣ доштааст», – изҳор кард М.Эгамзод.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби сафорат ба наздикони ҷавонзани фавтида ҷиҳати омодасозии тамоми ҳуҷчатҳои зарурӣ кӯмаки ҳамаҷониба расонида шуда, баъдтар ҷасад ба ватан фиристода хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.