Вохӯрии президент бо зиёиён дар бинои нави Осорхонаи миллӣ

Мулоқоти анъанавии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз доир мегардад, соли равон санаи 20-уми март дар бинои нави Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев дар ин робита хабар дод, имрӯз дар бинои нави осорхона корҳои хотимавии […]

Аваз Юлдошев


Мулоқоти анъанавии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз доир мегардад, соли равон санаи 20-уми март дар бинои нави Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев дар ин робита хабар дод, имрӯз дар бинои нави осорхона корҳои хотимавии мавриди истифода қарор додани иншоот дар арафаи анҷомёбианд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли 2010 сарвари давлат хишти аввали таҳкурсии бинои нави Осорхонаи миллиро гузошта, ба сохтмони он ҳусни оғоз бахшида буд.

Қобили зикр аст, ки бинои осорхона аз толору утоқҳои сершумори махсус барои нигоҳдории ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангӣ муҷаҳҳазгардида иборат мебошад. Дар осорхона толорҳои давраҳои гуногуни таърихи гузаштаю муосири миллати тоҷик бо ёдгориҳои нодири фарҳангӣ низ мавриди истифода қарор гирифта, тамоми толору ҳуҷраҳои бино бо шабакаҳои гармидиҳию салқинсозӣ, оташнишонӣ, муҳофизатӣ ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.