Гузориш: Сабаби никоҳҳои барвақтӣ камбуди мардон аст

Нобаробарии гендерии бар асари муҳоҷирати корӣ пайдошуда ба камбуди шумори мардон дар Тоҷикистон боис гардида, ба никоҳҳои маҷбурии барвақтӣ дар кишвар сабаб мешавад. Дар гузориши таҳияшуда дар чаҳорчӯби барномаи минтақавӣ оид ба муҳоҷирати корӣ дар Осиёи Марказӣ ва Русия, ки муштаракан аз ҷониби Созмони ҷаҳонии  муҳоҷират, СММ ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии молиявии Сафорати Британияи […]

Заррина Эргашева


Нобаробарии гендерии бар асари муҳоҷирати корӣ пайдошуда ба камбуди шумори мардон дар Тоҷикистон боис гардида, ба никоҳҳои маҷбурии барвақтӣ дар кишвар сабаб мешавад.

Дар гузориши таҳияшуда дар чаҳорчӯби барномаи минтақавӣ оид ба муҳоҷирати корӣ дар Осиёи Марказӣ ва Русия, ки муштаракан аз ҷониби Созмони ҷаҳонии  муҳоҷират, СММ ва Бонки ҷаҳонӣ бо дастгирии молиявии Сафорати Британияи Кабир амалӣ мешавад, зикр мегардад, ки тибқи маълумоти оморӣ, дар муқоиса бо шумори занон мардон дар Тоҷикистон 0,6% зиёдтаранд, вале бинбар сабаби муҳоҷирати корӣ, шумори воқеии мардон дар ҷумҳурӣ камтар аст.

«Ҳарчанд аз моҳи январи соли 2011 ҳукумати Тоҷикистон никоҳи духтарон то синнусоли 18-соларо манъ карда бошад ҳам, таҷриба иҷрои начандон қобили мулоҳизаро бозгӯ аст. Муроҷиатҳо оид ба риоя накардани қонун қариб нестанд, ҳукуматдорон бошанд, кӯшиш мекунанд, ки ба корҳои оилавӣ дахолат накунанд, аммо табибон назорати масъалаи мазкурро зарур медонанд, зеро 80%-и марги занон ҳангоми таваллуд ба минтақаҳое рост меоянд, ки дар онҳо бештар никоҳҳои барвақтӣ роиҷанд», – гуфта мешавад дар гузориш.

Тибқи таҳқиқот, никоҳҳои маҷбурӣ дар Тоҷикистон омили муҳими афзоиши хатари худкушӣ, бахусус миёни духтарон шудааст.

Муаллифони таҳқиқот маълумот медиҳанд, ки натанҳо 30%-и муҳоҷирони кории муҷарради тоҷик дар Русия оиладор мешаванд, балки 50%-и мардони оиладори тоҷик низ дар сафар ақди никоҳи қалбакӣ мебанданд. Ин ба аз ҳам пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон боис гардида, аллакай ба он оварда расонидааст, ки ҳудуди 300 ҳазор занони синнусоли то 30-сола дар Тоҷикистон оиладор нестанд.

Гуфта мешавад, синнусоли миёнаи оиладор шудани занон дар Тоҷикистон аллакай ба 25-солагӣ расидааст. Солҳои ахир дар Тоҷикистон ҳодисаҳои аз ҳам ҷудошавии оилаҳо ба таври назаррас рӯ ба афзоишиниҳода, аз 2,9 ҳодиса ба 1000 нафар дар соли 2005 то ба 6 ҳодиса ба 1000 нафар дар соли 2010 расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.