Душанбе. 14-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти шаҳрдории Душанбе шумори мошинҳои навъи «тангем»-ро, ки дар роҳҳои мошингарди пойтахт равуо мекунанд, кам карданист.
Манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки лоиҳаи чунин қарор барои баррасӣ ба шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод гардидааст.
«Ташаббускорони ин иқдом роҳбарони сохторҳои нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе мебошанд», – гуфт сарчашма.
Зикр гардид, ки иллати пешниҳоди чунин иқдом ба он вобаста аст, ки солҳои ахир ба Тоҷикистон нақлиёти мусофирбари зиёде ворид
шуд ва феълан фаъолияти онҳо чашмрас нест.


