Бордюжа: НАТО баҳри тақвияти нуфузаш миллионҳо доллар масраф мекунад

Дар кори мизи гирд бо иштироки дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа дар Бишкек масоили таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қирғизистон, чорабинии мазкур аз ҷониби Котиботи СААД, Вазорати умури хориҷӣ ва Шӯрои мудофиаи Қирғизистон созмон дода шуда, дар кори мизи гирд сиёсатшиносону коршиносони […]

ASIA-Plus


Дар кори мизи гирд бо иштироки дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа дар Бишкек масоили таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қирғизистон, чорабинии мазкур аз ҷониби Котиботи СААД, Вазорати умури хориҷӣ ва Шӯрои мудофиаи Қирғизистон созмон дода шуда, дар кори мизи гирд сиёсатшиносону коршиносони Қирғизистон ва дигар кишварҳои узви СААД ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои иттилоотиву таҳлилии шомил ба Ассотсиатсияи таҳлилии СААД ширкат варзиданд.

Таҳлил ва арзёбии вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дақиқан мушаххас кардани таҳдидҳо дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии низомӣ аз Афғонистон ва баррасии тавсияҳо оид ба чораҳои амалии имконпазири пешгирӣ ва вокуниш ба онҳоро Николай Бордюжа натиҷаи аслии чорабинӣ унвон кард.

Н.Бордюжа изҳор намудааст, ки дар муқоиса бо СААД Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) баҳри тақвияти обрӯву нуфузи худ миллионҳо доллар маблағ масраф месозад. «Ба фаъолияти густардаи НАТО 50 сол инҷониб устуворона маблағгузорӣ мешавад ва онҳо имкон доранд, ки баҳри боло бурдани обрӯву нуфузи худ дар кишварҳое, ки онҳо узви НАТО нестанд, барномаҳои гаронарзишро роҳандозӣ намоянд, вале мо он қадр сарватманд нестем, ки мисли онҳо амал намоем ва мутаносибан дар бораи СААД маълумоти густарда мавҷуд нест», – иброз доштааст вай.

Дабири кулли СААД ҳамзамон зикр кардааст, ки СААД аз кишварҳои ҷавоне иборат аст, ки «маблағҳои охирини худро баҳри таҳкими нерӯҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хароҷот мекунанд».

Ба қавли Бордюжа, сарфи назар аз ин мушкилот, аз оғози фаъолияти созмон ошкор ва мусодира намудани ҳудуди 300 ҳазор тонна маводи мухаддир муяссар гардида, СААД дар ба субот овардани вазъ дар Афғонистон фаъолона кӯмак мерасонад ва тамоми тағийрот дар кишварро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.