Эҳтимоли манъи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон

Ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дар бораи манъи издивоҷ миёни хешутаборони наздик пешниҳод шуданд. Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи ин тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева дар ин робита изҳор намуд, ки тағироту иловаҳои мазкур пеш аз ҳама ба ҳифзи генофонди миллат, солимии насли навраси ояндаи кишвар нигаронида шудаанд. «Охир […]

Аваз Юлдошев


Ба Кодекси оилаи Тоҷикистон тағйироту иловаҳо дар бораи манъи издивоҷ миёни хешутаборони наздик пешниҳод шуданд.

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» муаллифи ин тағйироту иловаҳо, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саодат Амиршоева дар ин робита изҳор намуд, ки тағироту иловаҳои мазкур пеш аз ҳама ба ҳифзи генофонди миллат, солимии насли навраси ояндаи кишвар нигаронида шудаанд. «Охир ҳамагон воқифанд, ки аз оилаҳои миёни хешовандони наздик барпошуда кӯдакони маъюбу носолим ба дунё меоянд», – иброз дошт вай.

«Тақдири афгори кӯдакони нокомили аз никоҳи миёни хешовандон тавлидшуда маро водор намуд, ки ворид намудани ин тағйироту илова ба Кодески оилаи ҶТ-ро пешниҳод намоям», – таъкид дошт вакили парлумон.

Ба қавли вакил, тағйироту иловаҳои аз ҷониби ӯ пешниҳодшуда дар ҷаласаи Шӯрои МН МО ҶТ баррасӣ гардида, қарор шуд, ки аз ҳисоби вакилони парлумон, олимон ва мутахассисони Вазорати тандурустӣ оид ба омӯзиши масъалаи мазкур як гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.

«Гурӯҳи кории мазкур бояд дар муддати ду моҳ ин масъаларо ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он хулосаҳои худро пешниҳод намояд», – изҳор кард Амиршоева.

Номбурда изҳори итминон кард, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодкардаи ӯ мавриди дастгирии ҳукумат ва палатаҳои парлумон қарор хоҳанд гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.