Кӯмаки сирф техникии кормандони ФБР дар ҷустуҷӯи духтарон

Дар робита ба изҳороти сафири ИМА дар ҶТ Эллиот Сюзан дар мавриди ҷалби Бюрои федералии тафтишотӣ (ФБР) ба ҷустуҷӯи духтрони хурдсоли дар Душанбе бедаракшуда Малика ва Сабина Араловаҳо коршиноси масоили амният Олимҷон Самиев гуфт, кӯмаки кормандониФБР дар ин ҳолат сирф техникӣ хоҳад буд. «Яъне кормандони Бюрои ФБР дар Қазоқистон бо таҷҳизоту дастгоҳҳои худ ба ин […]

ASIA-Plus


Дар робита ба изҳороти сафири ИМА дар ҶТ Эллиот Сюзан дар мавриди

ҷалби Бюрои федералии тафтишотӣ (ФБР)

ба ҷустуҷӯи духтрони хурдсоли дар Душанбе бедаракшуда Малика ва Сабина Араловаҳо коршиноси масоили амният Олимҷон Самиев гуфт, кӯмаки кормандониФБР дар ин ҳолат сирф техникӣ хоҳад буд.

«Яъне кормандони Бюрои ФБР дар Қазоқистон бо таҷҳизоту дастгоҳҳои худ ба ин ҷо омада, кӯмаки техникӣ мерасонанд ва дар ин хусус машварат медиҳанд», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Самиев,  кормандони ФБР ба ҷустуҷӯи мустақилона ҳуқуқ надоранд, зеро мутобиқи моддаи 13-и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», дар қаламрави Тоҷикистон ба роҳандозии фаъолияти ҷустуҷӯӣ танҳо воҳидҳои оперативии кишвар ҳуқуқ доранд.

Ба андешаи коршинос, дар ин самт қабули қонун дар бораи агентиҳои хусусии посбонӣ ва детективӣ мувофиқи мақсад аст, ки ба ҷустуҷӯи мустақилонаи хусусӣ низ имкон фароҳам месозад ва дар аксари ҳолатҳо фаъолияти он нисбат ба фаъолияти аз ҳад зиёди бардӯшдоштаи мақомоти расмӣ муассиртар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.