Шиносоии милисаҳои тоҷик бо таҷрибаи ҳамтоҳои амрикоии худ

Чанде пештар як ҳайати Вазорати корҳои дохилии ҶТ таҳти сарварии муовини Вазир, генерал-майори милитсия Саид Ҷӯрахонов бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои босамари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тибқи Барномаи «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеъа», аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Эмерҷенс гурӯҳ» ба ИМА сафар карданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти […]

ASIA-Plus


Чанде пештар як ҳайати Вазорати корҳои дохилии ҶТ таҳти сарварии муовини Вазир, генерал-майори милитсия Саид Ҷӯрахонов бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои босамари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ, тибқи Барномаи «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо ҷомеъа», аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Эмерҷенс гурӯҳ» ба ИМА сафар карданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ин сафар ҳайати кории ВКД ҶТ аз Департаменти давлатии ИМА, биноҳои маъмурии «Метрополис», шӯъбаи 6-уми минтақавии политсияи Вашингтон, «Капитолполис» «Агентии назоратӣ оид ба маводи нашъадор» дидан намуда, бо  роҳбарон ва намояндагони идораҳои давлатӣ ва сохторҳои қудратии  Амрико, аз ҷумла бо Директори шӯъбаи аврупо ва осиёии Департаменти давлатии ИМА, дар мавзӯи  муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, раванди татбиқи Ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон, инчунин аз фаъолияти кормандони идораҳои дар боло номбурда шинос ва бо масъулини он оиди ҳамкории политсия бо ҷомеа сӯҳбату вохӯрӣ намуданд.

Зимни сӯҳбату мулоқотҳо ва суханронии ҳайати намояндагии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳо вобаста ба ҳамкорӣ, таҷриба ва роҳҳои мубодилаи афкории кормандони милитсия бо ҷомеа арзёбӣ гардид, ки он аз ҷониби ҳампешагони америкоӣ мавриди истиқбол қарор гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.