Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ ва маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии пойтахт ташриф оварда, як бинои нӯҳошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар саҳни ҳавлӣ Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба соҳибони хуштолеъи хонаҳои нав калидҳои онҳоро тақдим намуд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хонаҳо, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бино аз хонаҳои як ва дуҳуҷрагӣ иборат буда, асосан барои кормандони ҷавони соҳибтахассус пешбинӣ шудаанд. Бино ба таври зебою замонавӣ сохтаву ороиш ёфта, қисман бо мебел низ таъмин гардидааст. Он дорои шабакаи ягона ва мустақили гармидиҳӣ буда, тавассути дастгоҳҳои каммасраф бо оби гарм ва гармӣ таъмин мешавад. Дар ҳавлии бино, ҳамчунин майдони бозӣ барои кӯдакон омода гардидааст. Ин бинои зебо дар зарфи якуним сол бо харҷи беш аз даҳуним миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.
Бо супориши сарвари давлат Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон бо ташкилоти пудратӣ вазифадор карда шуданд, ки дар зарфи як соли оянда боз ду то ҳамин гуна бинои истиқоматӣ барои оилаҳои кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бунёд намоянд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Айнии пойтахт ташриф оварда, бинои даҳошёнаи истиқоматии Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ин бинои иборат аз се қисмат бо харҷи 18 миллион сомонӣ маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бунёд ёфта, дорои 90 хонаи аз як то чорҳуҷрагӣ мебошад.
Аз 90 хонаи он 45 – тоаш бо супориш ва ҳидояти сарвари давлат ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки аксаран кормандони ҷавони баландихтисос мебошанд, ҳамчун манзили хизматӣ тақсим карда шуд. Дар ин бино, ҳамчунин аҳли оилаи 45 корманди пешқадами Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон соҳиби хонаҳои нав шуданд. Аксарияти онҳо низ кормандони ҷавони баландихтисос мебошанд, ки дар мактабҳои хориҷи кишвар таҳсили илм намудаанд.
Ҳамин тариқ, дар ду бино имрӯз аҳли оилаи қариб 200 корманди макомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ соҳиби хонаҳои зебою барҳаво гардида, ба президенти кишвар барои ғамхории доимиаш арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони ин мақомот ва аҳли оилаи онҳо аз ҳодисаи нопадидшавии духтарчаҳои хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо, ки аз ҳамин маҳаллаанд, ёдовар шуда, аз роҳбарият ва кормандони мақомоти масъул талаб намуд, ки барои ҳарчи зудтар ошкор намудани ин ва дигар ҷиноятҳои доғдоркунандаи номи давлату миллат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он тадбирҳои судбахш амалӣ намоянд. Кормандони ин мақомот, ҳамчунин ба муомилаю муоширати хуб бо мардум ва кору фаъолияти мутобиқ ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят карда шуд.
Худи ҳамин рӯз бо иштироки президенти кишвар ҳамчунин маҷмааи варзишии Вазорати корҳои дохилӣ пас аз тармиму навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар саҳни ҳавлии маҷмаа сарвари давлатро варзишгарони маъруфи кишвар, ки аксаран ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқоти сершумори ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд, истиқбол гирифтанд.
Ин маҷмааи варзишӣ пас аз навсозӣ дорои толори муҷаҳҳази вазнбардорӣ, толори намудҳои гуногуни гӯштин, толори калони бозиҳои гуногуни варзишӣ ба мисли футболи хурд, волейбол, баскетбол, гандбол, ки дорои 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст ва ҳамчунин толори намудҳои гуногуни варзиши обӣ мебошад.





