Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели бедаракшавии духтарони хурдсол

Аз рӯи далели бедаракшавии духтарони хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 10-уми апрел дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мутобиқи моддаи 130-и КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Зимни суханронӣ дар тренинг тахти унвони «Тафтишоти рӯзноманигорӣ аз нигоҳи адолати судии ҷиноӣ», ки имрӯз дар Душанбе шурӯъ шуд, муовини сардори шуъбаи мубориза бо хариду фурӯши […]

ASIA-Plus


Аз рӯи далели бедаракшавии духтарони хурдсол – Малика ва Сабина Араловаҳо рӯзи 10-уми апрел дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мутобиқи моддаи 130-и КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Зимни суханронӣ дар тренинг тахти унвони «Тафтишоти рӯзноманигорӣ аз нигоҳи адолати судии ҷиноӣ», ки имрӯз дар Душанбе шурӯъ шуд, муовини сардори шуъбаи мубориза бо хариду фурӯши одамони РМҶМ ВКД ҶТ полковники милиса Ҷумъахон Каримов изҳор намуд, ки дар масъалаи пайдо кардани духтарон чорабиниҳои тафтишотии гурӯҳи махсус таҳти сарварии муовини вазири корҳои дохилӣ Шералӣ Сабзов идома доранд.

«Мо маълумоти фаврӣ дар даст дорем ва умедворем, ки дар фурсати наздик ҷинояти мазкур ошкор хоҳад шуд. Ин духтаронро ҳангоми барои харидории ширинӣ рафтанашон камераи наворбардории воқеъ дар роҳи ҳаракати онҳо сабт кардааст ва тибқи яке аз фарзияҳои мавриди таҳқиқ қарордошта, шояд онҳоро рабуда, бо автомобил ба самти номаълум бурдаанд», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи ВКД ҳамчунин зикр кард, ки мақомоти интизомии ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон барои истисмори минбаъдаи шаҳвонӣ ва меҳнатии онҳо дар АМА, Туркия, Афғонистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ аз тамоми тадбирҳо кор мегиранд.

«Дар содир намудани чунин ҷиноятҳо асосан гурӯҳҳои фаромиллие даст доранд, ки ба онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ шомиланд ва онҳо бештар ба духтарони синни аз 18 то 30 сола таваҷҷуҳ зоҳир месозанд», – гуфт номбурда.

Ба қавли Каримов, дар зарфи се моҳи соли равон кормандони ВКД 15 далели ба ин монандро ошкор намудаанд, ки дар 7 ҳолат аз интиқоли духтарон ба Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) пешгирӣ шудааст.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки танҳо дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ мақомоти интизомӣ аз 254 ҷинояти марбут ба хариду фурӯши одамон (соли 2012 – 533 чунин далел) ҷилавгирӣ намуда, дар ин давра аз рӯи моддаи 130 (Одамрабоӣ) 5 парвандаи ҷиноӣ (соли 2012 – 6 парванда) ва моддаи 130, дараҷ. 1 (Хариду фурӯши одамон) 1 парвандаи ҷиноӣ (соли 2012 – 3 парванда) боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.