Боздошти муваққатии тартиби содашудаи додани раводид

Дар Тоҷикистон низоми содашудаи додани раводид муваққатан боздошта шуд. Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ инро ба сабабҳои фаннӣ марбут медонанд. Дар ҳамин ҳол, додани раводид маҳз дар даврае боздошт мешавад, ки дар Душанбе бояд ба ифтихори 40-умин солгарди таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) конфронс баргузор шавад. Ба конфронс ҳудуди 200 нафар меҳмонони хориҷӣ даъват […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон низоми содашудаи додани раводид муваққатан боздошта шуд. Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ инро ба сабабҳои фаннӣ марбут медонанд. Дар ҳамин ҳол, додани раводид маҳз дар даврае боздошт мешавад, ки дар Душанбе бояд ба ифтихори 40-умин солгарди таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) конфронс баргузор шавад. Ба конфронс ҳудуди 200 нафар меҳмонони хориҷӣ даъват шуда, акнун аз нисф зиёди онҳо дар кори он иштирок карда наметавонанд.

Аз 20-уми апрел дар Тоҷикистон тартиби содашудаи додани раводид ба шаҳрвандони хориҷии ба кишвар ташрифоварда мутаваққиф гардид. Чунин раводид маъмулан дарҳол пас аз ташриф дар фурудгоҳ дода мешавад. Тартиби содашудаи додани раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари дунё ва афроди бидуни шаҳрвандӣ, собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди амал қарор дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКХ ҶТ хабар доданд, додани раводид ба иллати мушкилоти фаннӣ, яъне мавҷуд набудани алоқа миёни консулгарӣ дар фурудгоҳ ва Раёсати консулгарии ВКХ ҶТ муваққатан боздошта шудааст. «Фаъолияти низом то рӯзи душанбе, 29-уми апрел дубора барқарор хоҳад шуд», – ваъда доданд дар вазорат.

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс», дар фурудгоҳи Душанбе аллакай беш аз 80 нафар шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон ташрифоварда раводид гирифта натавониста, бозпас баргардонида шудаанд. Ба дигар шаҳрвандони хориҷие, ки нияти дар фурудгоҳи Душанбе раводид гирифтанро доштанд, дар кишварҳои будубошашон нишастан ба ҳавопайморо иҷозат надодаанд.

Дар Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон таъкид доштанд, ки мушкилот танҳо сари додани раводид бо низоми содашуда ҷой дорад, яъне шаҳрвандони хориҷӣ дар фурудгоҳи Душанбе раводид гирифта наметавонанд ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон, ки дар хориҷӣ кишвар фаъолият доранд, дахл надорад. «Онҳо чун пештара пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ раводид медиҳанд», – гуфтанд дар раёсати ВКХ.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи равон, рӯзи 27-уми апрел ҲНИТ ҷашни 40-умин солгарди таъсисашро таҷлил мекунад ва ба чорабиниҳои ҷашнӣ ҳудуди 200 нафар шаҳрвандони хориҷӣ даъват шудаанд. Ба қавли раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, аксари онҳо бояд аз кишварҳое меомаданд, ки Тоҷикистон бо онҳо реҷаи раводид дорад.

Ба гуфтаи роҳбари шуъбаи муносибатҳои байнулмилалии ҲНИТ Абдуқаҳҳори Давлат, намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба меҳмонони ҲНИТ то 1-уми май додани раводидро рад кардаанд.

«Чорабиниҳои ҷашни 40-солагии ҲНИТ санаи 27-уми апрел доир мегарданд ва меҳмонони мо дар шигифтанд, ки дар муҳлати дилхоҳ раводид дастрас карда наметавонанд», – иброз дошт А.Давлат.

Ба эътиқоди ӯ, раҳбарияти ҲНИТ ҷиҳати мусоидат ба ҳалли ин масъала ба вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифи ба таври хаттӣ муроҷиат намуда, мактуб низ дар шуъбаи умумии ВКХ ҶТ ҳанӯз ахири ҳафтаи гузашта расман сабт шудааст, вале бо сабабҳои номаълум баррасии он ба дарозо мекашад.

«Қаблан беш аз 170 нафар меҳмонони хориҷӣ иштироки худ дар чорабиниҳои ҷашнии ҲНИТ-ро тасдиқ намуда буданд, вале акнун ба иллати мушкилоти гирифтани раводид, ҳамагӣ 30%-и онҳо ба Душанбе омада метавонанд», – афзуд номбурда. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.