Конфронси ёдбуди профессор М.Бобохонов дар ДСРТ

Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ба хотири ёдбуди муассиси маҳфил, доктори улуми таърих Мансур Бобохонов конфронси маҳфили «Донишварони диаспораҳои тоҷикон» баргузор шуд. Ректори донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов бо сухани ифтитоҳӣ ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, саҳми олим дар рушди илми таърихи тоҷик, таҳия ва ба барномаи таълимии макотиби олӣ ворид кардани курси махсуси «Таърихи […]

ASIA-Plus


Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ба хотири ёдбуди муассиси маҳфил, доктори улуми таърих Мансур Бобохонов конфронси маҳфили «Донишварони диаспораҳои тоҷикон» баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов бо сухани ифтитоҳӣ ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, саҳми олим дар рушди илми таърихи тоҷик, таҳия ва ба барномаи таълимии макотиби олӣ ворид кардани курси махсуси «Таърихи тоҷикони ҷаҳон», омӯзиш ва писанди донишҷӯёну олимони ҷавон гардонидан ин фанро таъкид дошт.

Дар мавзӯи «Диаспораҳои тоҷик дар Федератсияи Русия: мушкилоти муҳоҷирати ҷавонони ҶТ» фаъолдухтари маҳфил, донишҷӯи соли чоруми бахши «Таърихи муносибатҳои байнулмилалӣ» Рухшонаи Наҷмиддин гузориш дод. Президенти маҳфил, донишҷӯи соли чоруми бахши зикршуда Сарвар Абдуллоев ба ҳозирин перомуни таърихи таъсиси маҳфил, сохтори он ва чорабиниҳои доиргардида маълумот пешниҳод намуд.

Мудири кафедраи таърихи ватании донишгоҳ профессор С.Муҳиддинов зимни суханронӣ аз машғулиятҳои шавқовар ва пурмӯҳтавои Мансур Бобохонов, муомилаи бомаърифтаонаи ӯ бо донишҷӯёну олимони ҷавон, ки барои ҳамкорон намунаи ибрат гардида буд, ёдовар шуд.

Профессори кафедраи таърихи ватании донишгоҳ Ҳайдаршо Пирумшоев зикр кард, ки маҳз таҷрибаи ҳирфаии М.Бобохонов имкон дод, ки ӯ дар муддати 20 сол ба яке аз факултаҳои пешрафтаи мактаби олии асосии ҷумҳурӣ сарварӣ кунад ва дар ин муддат ҳазорон шоирдони болаёқатро тарбия ва даҳҳо асарҳои илмӣ таълиф намояд. «Барои насли ҷавон зиндагиномаи М.Бобохонов намунаи шоистаи хизмати фидокорона ба илм ва кишвар аст», – гуфт профессор.

Дар конфронс ҳамчунин шогирдони Мансур Бобохонов – номзади илми таърих ва яке аз созмондиҳандагони конфронс Мунира Ҷамолова, унвонҷӯи кафедраи таърихи ватанӣ Амир Шодиев ва дигарон низ суханронӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.