БАТР ба корҳои таҷдиди фурудгоҳи Хуҷанд 3 млн. $ ҷудо мекунад

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба корҳои азнавсозии майдони нишасту парвози Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БАТР хабар доданд, бори нахуст маблағгузории бонк бидуни кафолати давлатӣ сурат мегирад. «Имзои созишнома дар Истамбул доир гардида, то ахири моҳи апрел дар Душанбе маросими баимзорасии […]

Заррина Эргашева


Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба корҳои азнавсозии майдони нишасту парвози Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА қарз ҷудо мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии БАТР хабар доданд, бори нахуст маблағгузории бонк бидуни кафолати давлатӣ сурат мегирад. «Имзои созишнома дар Истамбул доир гардида, то ахири моҳи апрел дар Душанбе маросими баимзорасии созишномаи мустақим оид ба ин лоиҳа баргузор мешавад», – гуфтанд дар намояндагии БАТР.

Қобили зикр аст, ки тибқи баҳогузории пешакӣ, ҳаҷми пурраи корҳои таъмиру азнавсозӣ 7,2 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешаванд, вале БАТР иҷрои танҳо қисмате аз ин корҳоро маблағгузорӣ намуда, қисмати боқимондаро фурудгоҳ ба уҳда мегирад.

Ба иттилои манбаъ, корҳои таҷдид дар фурудгоҳ ба ҳарчи бештар бехатар гардонидани майдони нишасту парвози ҳавопаймоҳо, тавсеъаи ҷуғрофияи парвозҳо аз Хуҷанд ва рушди тиҷорат мусоидат хоҳад намуд.

Пас аз фурудгоҳи Душанбе Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд дуюмин фурудгоҳи бузург дар ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз маркази шаҳри Хуҷанд дар масофаи 11 километр, дар наздикии шаҳри Чкаловск воқеъ аст.

Фурудгоҳ дорои як майдони нишасту парвози асфалтӣ бо андозаи 3 ҳазору 185 ба 50 метр буда, ба қабули ҳавопаймоҳои тамғаҳои



Ан-2

,

Ан-12

,

Ан-24

,

Ан-26

,

Ил-76

,

Ту-134

,

Ту-154

,

Як-40

,

Airbus A310

,

Airbus А320

,

Boeing 737

,

Boeing 757

,

Boeing 767

қодир аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.