Поинравии босуръати нархи орд ва маҳсулоти нонӣ

Бо оғози баҳор дар бозорҳои Тоҷикистон поинравии нархи орду гандум ба мушоҳида расида, мутаносибан арзиши маснӯоти макаронӣ ва дигар маҳсулоти нонӣ низ коҳиш ёфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳолат дар навбати аввал ба он марбут аст, ки имрӯз пешниҳоди ин навъи маҳсулот нисбат ба сатҳи талабот ба таври […]

Заррина Эргашева


Бо оғози баҳор дар бозорҳои Тоҷикистон поинравии нархи орду гандум ба мушоҳида расида, мутаносибан арзиши маснӯоти макаронӣ ва дигар маҳсулоти нонӣ низ коҳиш ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, ин ҳолат дар навбати аввал ба он марбут аст, ки имрӯз пешниҳоди ин навъи маҳсулот нисбат ба сатҳи талабот ба таври қобили мулоҳиза зиёдтар аст.

«Ба таври умум, баҳорон ҳар сол пеш аз ҷамъоварии ҳосили гандуми тирамоҳӣ ва кам шудани захираҳои соли гузашта, болоравии нархи орд ба мушоҳида мерасид, вале камбуди начандон назарраси гандуми воридотӣ дар соли гузашта ба он боис гардид, ки воридкунандагони ин навъи маҳсулот дар ҳаҷми хеле зиёд гандуму орд ворид намуданд ва акнун бо паст кардани нарх кӯшиши ҳарчи зудтар фурӯхтани онро доранд», – гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз оғози сол нархи 1 дона нон дар бозорҳои пойтахт ба андозаи 20% – то 1,63 сомонӣ, орди воридотии навъи 1-ум ба андозаи 6% – то 148 сомонӣ барои 50 кило ва орди маҳаллӣ ба миқдори 5% – то 145 сомонӣ барои 50 кило поин рафтааст.

Сарфи назар аз ин поинравии нарх, нисбат ба моҳи апрели соли гузашта арзиши орди воридотӣ – 36% ва орди маҳаллӣ – 38% зиёдтар аст.

Ғановати бозори орди Тоҷикистон ба коҳиши назарраси воридоти орду гандум аз Қазоқистон низ боис гардид. Дар семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 144 ҳазору 766 тонна гандум ворид гардид, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 47,5 ҳазор тонна камтар аст. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба ҷумҳурӣ 54 ҳазору 442 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 79,7 ҳазор тонна камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки соли 2012 кишоварзони тоҷик дар ҳаҷми 1,2 млн. тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оварданд. Соли гузашта ҳосили гандум дар ҷумҳурӣ 801,2 ҳазор тоннаро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар аст.

Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ба даст оварда шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.

Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гандум 1,5 млн. тоннаро ташкил дода, ҳудуди 70%-и он аз Қазоқистон ворид карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.