Сафири Русияро ба ВКХ Тоҷикистон даъват карданд

Дар робита ба изҳороти Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия ва Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири ин кишвар сафири Русия Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ ёддошти ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон супурда шуд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, дар рафти вохӯрӣ нигаронии ҷониби Тоҷикистон нисбати изҳороти пай дар пайи […]

ASIA-Plus


Дар робита ба изҳороти Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия ва Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири ин кишвар сафири Русия Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ ёддошти ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон супурда шуд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, дар рафти вохӯрӣ нигаронии ҷониби Тоҷикистон нисбати изҳороти пай дар пайи шахсони воломақом ва ҷамъиятии Россия иброз карда шуда, зикр гардид, ки чунин суханҳо ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар халали ҷиддӣ ворид месозад.

«Вазъияте, ки дар он аз ҷониби мансабдорони воломақоми давлатӣ ва ҷамъиятии Русия тариқи ВАО нисбати Тоҷикистон суханҳои аз ҳақиқат дур, тӯҳматнок, таҳқиромез ва ғайридӯстона садо медиҳанд, моро нигарон намудааст. Чунин суханҳои таҳқиромез дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Россия-1»  аз 18 апрели соли 2013 аз ҷониби роҳбари фраксияи ЛДПР дар Думаи давлатӣ В.Жириновский баён гардид, ки натанҳо роҳбари ҷумҳурӣ, балки миллати тоҷикро таҳқир мекунад», – омадааст дар иттилои вазорат.

Дар иттилои ВКХ гуфта мешавад, суханҳои таҳқиромези В.Жириновский, ки элитаи сиёсии Россияро муаррифӣ менамояд ба рӯҳияи дӯстии анъанавии Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ намебошад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷониби тоҷикистонӣ изҳороти Д.Рогозин, муовини нахуствазири Русияро, ки якчанд маротиба оид ба воридшавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Россия ҳастанду гӯё бо шиносномаи дохилии Тоҷикистон хати марзиро убур менамоянд, аз ҳақиқат дур медонад.

«Ба ҷониби Россия расонида шуд, ки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо роҳи оҳан равонаи Россия мешаванд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконияти хариди чиптаро доранд ва бо дигар ҳуҷҷат аз хатти марзии Тоҷикистон гузашта наметавонанд, зеро қатора аз ду кишвар (Ӯзбекистон ва Туркманистон), ки бо Тоҷикистон низоми раводидӣ доранд, убур менамояд ва ин кишварҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро бо шиносномаи дохилӣ иҷозати гузаштан намедиҳад», – гуфта мешавад дар иттилои ВКХ ҶТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.