Як қатор вохӯриҳои раиси ПСС Тоҷикистон дар пойтахти Қатар

Дар ҳошияи иштирок дар кори Конгресси 8-уми ҷаҳонии Палатаҳои савдо дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо намояндагони мақомоти раҳбарии Палатаи ҷаҳонӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Палатаи ҷаҳонӣ Жан-Ги Карре масоили […]

Аваз Юлдошев


Дар ҳошияи иштирок дар кори Конгресси 8-уми ҷаҳонии Палатаҳои савдо дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо намояндагони мақомоти раҳбарии Палатаи ҷаҳонӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Палатаи ҷаҳонӣ Жан-Ги Карре масоили муҳими рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати хурду миёна дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва ҳамчунин тағйирот дар қонунгузорӣ дар ин бахшҳо баррасӣ шуданд.

«Зимни мулоқот бо раиси Федератсияи ҷаҳонии Палатаҳои савдо Рон Иркали раиси ПСС Тоҷикистон перомуни рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, ислоҳоти ҷараёндошта дар робита ба узвият ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, муҳити сармоягузорӣ ва нақши бахши хусусӣ дар рушди иқтисод маълумоти муфассал дода, ҷонибҳо зарурати табодули маълумот дар бораи чорабиниҳои суратгирифтаро таъкид намуданд», – омадааст дар итттилоъ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни суҳбат бо президенти тозаинтихоби ПСС Украина Геннадий Чижиков масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи палатаҳои кишварҳо ва имкони баргузории намоишгоҳи миллии Украина дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Гуфта мешавад, дар мулоқоти Шариф Саид бо ноиби президенти ПСС Русия Георгий Петров атрофи масъалаҳои суръатбахшӣ ба ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташрифи ҳайатҳои тоҷирон аз минтақаҳои Русия ба Тоҷикистон, баргузории намоишгоҳу ярмаркаҳо дар самтҳои мувофиқашуда ва саҳмгирӣ дар амалисозии лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.