Кабки тоҷикиро ба Новосибирск роҳ надоданд

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Новосибирски Русия омада буд, кабкеро ғайриқонунӣ ба ин шаҳр ворид карданӣ шуд. Бино ба маълумоти «Комсомольская правда», зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони ин хатсайри ҳавоӣ нозирони маҳаллии Раёсати Росселхознадзор дар фурудгоҳи Толмачёво ин парандаро ошкор намуданд. «Кабкро як шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ бидуни иҷозатномаи Россельхознадзор ва ҳуҷҷати байтории сохта […]

ASIA-Plus


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути ҳавопаймо ба шаҳри Новосибирски Русия омада буд, кабкеро ғайриқонунӣ ба ин шаҳр ворид карданӣ шуд.

Бино ба маълумоти «Комсомольская правда», зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони ин хатсайри ҳавоӣ нозирони маҳаллии Раёсати Росселхознадзор дар фурудгоҳи Толмачёво ин парандаро ошкор намуданд.

«Кабкро як шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ бидуни иҷозатномаи Россельхознадзор ва ҳуҷҷати байтории сохта ба Русия ворид карданӣ буд. Бо мақсади роҳ надодан ба сар задани бемориҳои хатарнок вуруди ин паранда ба қаламрави Русия манъ карда шуд», – хабар додаанд аз Россельхознадзор.

Зимнан зикр мегардад, ки сипас кабкро дар ҳуҷраи нигоҳубини ҳайвонот ҷой дода, бо хатсайри ҳавоии наздиктарин ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.