Журналисти тоҷик ба гуруснанишинӣ хотима дод

Журналисти тоҷик Сафват Бурҳонов, ки аз 6-уми июни соли ҷорӣ гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ эълон карда буд, аз хотимаи он дарак дод. Журналист имрӯз изҳороте интишор намуда, омилҳои қатъи гуруснанишиниро ба таври зайл шарҳ дод: а) пофишории шадиди дӯстону пайвандон; б) то ҷое расидан ба ҳадафҳои худ; в) вокуниши мақомоти кишвар; г) эҳтимолияти барои расидан ба […]

ASIA-Plus


Журналисти тоҷик Сафват Бурҳонов, ки аз 6-уми июни соли ҷорӣ

гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ

эълон карда буд, аз хотимаи он дарак дод.

Журналист имрӯз изҳороте интишор намуда, омилҳои қатъи гуруснанишиниро ба таври зайл шарҳ дод:

а) пофишории шадиди дӯстону пайвандон;

б) то ҷое расидан ба ҳадафҳои худ;

в) вокуниши мақомоти кишвар;

г) эҳтимолияти барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода шудани эътирози ман аз ҷониби доираҳои ҳадафманд.

Дар изҳорот зикр мегардад, ки «аз ҳамаи дӯстони дуру наздике, ки ин рӯзҳо холисона маро фаҳмиданд ва бо сухани нек бо ман сӯҳбат карданд, сипос арз мекунам ва медонам ки сипосгузории ман камтарин чиз аст барои ифодаи ин маънӣ. Воқеан эҳсос кардам, ки ҷомеаи мо суду зиён ва неку бадро хубу дақиқ ҷудо мекунад. Муносибати якхелаи доираҳои ҳукуматӣ ва мухолифони он ба ман, бори дигар бароям исбот кард, ки вазифаи худро дуруст иҷро мекунам. Яъне на ҷонибдори ҳукумат ҳастам ва на ҷонибдори мухолифони он, менависам он чиро, ки мебинам»

Журналист мегӯяд, барои худ исбот кардааст, ки дар ҷомеаи мо имкони баёни фикр ва расонидани он ба мухотаб мавҷуд аст. Дарк кардам, ки агар шаҳрванд ҳадафҳои ғаразмандонаро пайгирӣ накарда, воқеан ақидаи худро баён кунад, гирифтори пайгирӣ намешавад.

«Бори дигар исбот шуд, ки намояндагони кулли созмонҳои ба ном байнулмилали муқими Тоҷикистон ҳадафҳои ғаразмандона доранд ва хостгори ободии Ватани ман нестанд. Барои онҳо ҳадафи ягона ин сиёҳ кардану шантаж кардани Тоҷикистон ва ба мақсади худ истифода кардани ҷомеаи мо аст», – баён мегардад дар изҳорот.

Сафват Бурҳонов изҳор кардааст, ки бо вуҷуди он ки як гурӯҳи калони солими ҳамкасбонам аз соатҳои аввал дар паҳлӯяш буданд ва китфи худро, дар доираи касбият, барои такя гузоштанд, исбот шуд, ки қисми зиёди «доираҳои журналистӣ» фурӯхташуда буда, аз беруни «доира» идора мешаванд.

«Аз ҷониби мақомоти кишвар шунида ва дуруст фаҳмида шудам. Баъзе гурӯҳҳои фасод ва сиёсӣ кӯшиши истифодаи эътирози маро барои пиёдашавии ҳадафҳои худ мехоҳанд «дастак» кунанд, ки ин куллан муқобили раъйи ман аст. Бовар дорам, ки барои «ҳимояи демократия ва озодии инсон дар Тоҷикистон» чандин лоиҳаҳои грантӣ пешниҳод шуданд. Бо сари баланд эълон мекунам, ки ҳич гоҳ дар ягон равия «член» набудам, нестам ва намешавам. Ҳар ҷое, ки аз номи ман истифода шавад, ҳақ дорам, ки эътирози худро баён кунам», – омадааст дар изхорот.

Дар фарҷом журналист аз кулли дӯстоне, ки сабаби мушаввашию маҳзунияшон гаштаааст, аз сидқи дил узр пурсида, изҳор намудааст, ки шурӯъ аз имрӯз ба идомаи фаъолияти худ шурӯъ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.