Дар Душанбе намоишгоҳи маърифатӣ кушода шуд

Душанбе. 27-уми сентябр – Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маърифатӣ кушода мешавад. Намоишгоҳ барои кормандони соҳаи маориф, олимону донишҷӯён, талабагон, мутахассисон ва кормандони мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.   Онҳо аз намоишгоҳ дар бораи барномаҳои маърифатии ҷумҳурӣ ва идомаи таҳсил дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз қаламрави мамлакат маълумоти муфассал гирифта метавонанд. Намоишгоҳ бо ташаббуси шӯъбаи […]

АМИТ «Ховар»


Душанбе. 27-уми сентябр – Имрӯз дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маърифатӣ кушода мешавад. Намоишгоҳ барои кормандони соҳаи маориф, олимону донишҷӯён, талабагон, мутахассисон ва кормандони мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

 





Онҳо аз намоишгоҳ дар бораи барномаҳои маърифатии ҷумҳурӣ ва идомаи таҳсил дар мамлакатҳои ИДМ ва берун аз қаламрави мамлакат маълумоти муфассал гирифта метавонанд. Намоишгоҳ бо ташаббуси шӯъбаи созмонҳои байналхалқии Пажӯҳишгоҳи «Ҷомеаи кушод – Бунёди мадад» дар Тоҷикистон бо кӯмаки вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналхалқӣ гузаронида мешавад.




 

Гузаронидани ярмаркаи маърифатӣ дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Намоишгоҳ аз соли 2002 сар карда, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа баргузор мегардад. Онро соли 2007 қариб 3 ҳазор нафар тамошо кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.