Дар ҳошияи ҷашни 16-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар минтақаи Виднои вилояти Маскав маросими ботантанаи ифтитоҳи мини-ҳотел (меҳмонсарои хурд)-и “Сино”, ки муассиси он соҳибкори маъруфи тоҷик Абдуқодир Ҷабборов мебошад, баргузор гардид.
Чӣ тавре ки намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, дар он сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев, намояндагони сохторҳои ҳукумати маҳаллӣ ва ҷамъи ҳамватанони муқими шаҳру вилояти Маскав иштирок доштанд.
Ба қавли ӯ, сафир ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи меҳмонсаро бо ишора ба саҳми Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон дар барқарории сулҳ дар Ватани тоҷикон, аз равандҳои ин ҳаводиси муҳими таърихӣ ёдовар шуд. Вай ҳамчунин дар робита ба ҳамкориҳои миёни ду кишвар ибрози ақида намуда, гуфт, мавриди сафари пайвастаи тоҷикон ба ин кишвар барои муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил, иқомати муваққатӣ ё доимӣ қарор гирифтани маҳз Русия дорои заминахои воқеианд, зеро мардумони мо таърихи ҳамзистии қариб 70-сола доранд.
Абдулмаҷид Достиев ифтитоҳи ин меҳмонсароро падидаи неке дар равобити ду кишвар арзёбӣи намуд. Намояндаи ҳукумати маҳаллии Видноеи вилояти Маскав Владимир Бодрягин низ ин иқдомро шоистаи дастгирӣ номида, гуфт, ин меҳмонсаро ва тарабхонаи он бо номи “Сино” метавонад дар кишвараш воситаи беҳтарини муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ ва дастархондории тоҷиконро ба роҳ монад.
Саттор Ҳалимов- сарвари меҳмонсарои тоҷикӣ дар вилояти Маскав мегӯяд, унвони “Сино”-ро касб кардани он беҳуда нест, зеро номҳои гузаштагони маъруфи мо мисли Рӯдакӣ Хайём, Сино ва дигар бузургони миллат кайҳост ошнои ҷаҳониён аст. Онҳо “корти муаррифии миллат” (визитные карточки) мо мебошанд. Бояд гуфт, ки дар меҳмонсаро ҳамчунин тарабхонаи хамноми “Сино” ифтитоҳ шудааст, ки сарвари он сарошпази маъруфи тоҷикистонӣ Икромиддин Шарипов бо хӯроку хӯрданиҳои миллии мо мизоҷонро меҳмондорӣ хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки дар меҳмонсаро шумораи зиёде аз ҳисоби ҳамватанони муҳоҷири меҳнатӣ ва сокинони маҳаллии муқими вилояти Маскав паҳлӯи ҳам кор хоҳанд кард.
Дар рафти маросими ифтитоҳи меҳмонсаро ҳамчунин муаррифии китоби муассиси маҷмааи меҳмонсароҳои Сино дар Тоҷикистону вилояти Маскав Абдуқодир Ҷабборов таҳти унвони “Равзаи саодат”, ки чанд рӯз пеш нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд чоп кардааст, баргузор гардид. Дар он осори публисистии муаллиф ва мақолаву мусоҳибаҳои номбурда, ки собиқаи зиёди кори давлативу ҷамъиятӣ ва соҳибкориро дорост, гирд оварда шудааст.
Дар анҷоми маросим консерти идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи тоҷикистонӣ Алишер Қаноатзода, Салоҳиддин Бобоҷонов, Ҷамолиддин Усмонов ва Файзулло Тошев баргузор гардид.


