Дар Хатлон 57 оила аз минтақаҳои хавфнок кӯчонида шудааст

Date:


57 оилае, ки дар манотиқи хатарноки вилояти Хатлон ба сар мебурданд, ба ҷойҳои нисбатан бехавф кӯчонида шуданд.

Чӣ тавре ки иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон Талабшо Назаров зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, тибқи қарори Ҳукумати ҶТ аз 1-уми июли соли 2011 таҳти №322 «Дар бораи муташаккилона кӯчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2011-2013»,  дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 108 чунин оилаҳо ба макони амн интиқол дода шаванд. 

«Дар нимсолаи аввали соли 2013 мо тавонистем, 57 оилаи муҳоҷирони экологиро ба ҷойҳои бехавф кӯчонем», – афзуд Назаров.

Ба гуфтаи ӯ, дар вилояти Хатлон 378 деҳа ба қайд гирифта шудааст, ки манотиқи хатарнок қарор доранд.  «Мувофиқи нақша, сол аз сол ин деҳаҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида хоҳанд шуд», – изҳор дошт Назаров.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...