Сафари пешбинишудаи президенти Украина ба Тоҷикистон сурат нагирифт

spot_imgspot_img

Дата:


Сафари расмии пешбинишудаи президенти Украина ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон бо сабабҳои номаълум сурат нагирифт.

Аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки сафари зикршудаи Янукович ба Тоҷикистон дар ин давра умуман тарҳрезӣ нагардида буд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ташрифи президенти Украина ба Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале бинобар сабаби баъзе мушкилоти ҷониби Украина сафар ба вуқӯъ напайваст. Аммо ин сарчашма мушаххасан аз мушкилоти пайдошудаи ҷониби Украина ҳарфе нагуфта, онро «мушкилоти дохилии кишвари ташрифоваранда» унвон кард.

«Овозаҳои ба таъхир афтодани сафари Янукович ба Душанбе бар асари бо дархости ҶТ дар фурудгоҳи Киев боздошт шудани собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов ва минбаъд озод кардани ӯ асоси воқеӣ надоранд», – зикр кард манбаъ аз ҳукумати кишвар.

Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» муяссар нашуд, ки бо намояндагии дипломатии Киев дар Душанбе тамос бигирад. Тӯли як ҳафта ба зангҳои телефони намояндагӣ касе посух намегӯяд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти интишоршуда дар торнамои расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина ҳанӯз 31-уми декабри соли гузашта зикр мегардад, ки 30-юми декабри соли гузашта президенти Украина Виктор Янукович бо раҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Киев мулоқот ороста, аз фаъолияти онҳо дар соли 2012 натиҷагирӣ ва дар бораи дурнамои вазифаҳои Украина дар соли 2013 дар самти сиёсати хориҷӣ маълумот додааст.

Бино ба ин иттилоъ, зимни ин мулоқот Виктор Янукович бо сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов гуфтушунид карда, масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва омодагӣ ба сафари расмии президенти Украина ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равонро баррасӣ кардааст.

Ин маълумотро ҳоли ҳозир низ аз сомонаи сафоратхонаи Тҷикистон дар Киев метавон дарёфт намуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...