«Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба харидани вагонҳои нав идома медиҳад

Пайрав Чоршанбиев

Нимсолаи аввали соли равон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 165 вагон ва 3 тепловози истеҳсоли корхонаи мошинсозии Брянскро харидорӣ намуд. Ба гуфтаи раиси корхона Амонулло Ҳукуматулло, дар ин давра 150 вагони нави боркаш ва 15 вагони мусофирбари нав дастрас гардидааст. «Корхонаҳои таъмири вагонҳо 22 вагони боркаш ва 7 вагони мусофирбарро аз таъмири асосӣ бароварданд», – иброз […]


Нимсолаи аввали соли равон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 165 вагон ва 3 тепловози истеҳсоли корхонаи мошинсозии Брянскро харидорӣ намуд.

Ба гуфтаи раиси корхона Амонулло Ҳукуматулло, дар ин давра 150 вагони нави боркаш ва 15 вагони мусофирбари нав дастрас гардидааст. «Корхонаҳои таъмири вагонҳо 22 вагони боркаш ва 7 вагони мусофирбарро аз таъмири асосӣ бароварданд», – иброз дошт роҳбари корхона.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти имконоти моли корхона, то ахири сол ба харидани техникаи нав идома дода мешавад.

«Дар ин самт соли гузашта хеле хуб буд, ки мо дар он беш аз 400 адад вагон харидорӣ намудем ва ба ин миқдор техника ҳатто дар муддати 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дастрас нашуда буд», – зикр кард Ҳукуматулло.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон парки техникаву таҷҳизоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 269 вагони боркаш, 436 вагони мусофирбар ва 56 тепловоз иборат аст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ