Нашри номгӯи патентҳо ва нахустпатентҳои Тоҷикистон оид ба ихтироъ

Дар сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон www.gptb.tj номгӯи патентҳо ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ дар зергурӯҳи саҳифаи асосӣ «Патентҳо» ҷойгир карда шуд. Тавре аз МД Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, айни замон дар […]

ASIA-Plus


Дар сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

www.gptb.tj

номгӯи патентҳо ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ дар зергурӯҳи саҳифаи асосӣ «Патентҳо» ҷойгир карда шуд.

Тавре аз МД Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, айни замон дар сомона номгӯӣ 447 патентҳо ва 543 нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар саҳифа ба ғайр аз номи ихтироъ, рақами тартибии патентҳо, санаи пешниҳоди арзнома барои гирифтани патент (аввалияти ихтироъ) ному насаби арзномадеҳон, муаллифон ва дорандагони патент ҷой дода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисони китобхона айни замон барои дар сомонаи ҷой додани тавсифи мухтасари патентҳоро иҷро намуда истодаанд, ки дар рӯзҳои наздик аз он истифобарандагон метавонанд шиносоӣ пайдо намоянд.

«Роҳбарияти Китобхона кӯшиш намуда истодааст, ки дар оянда бо ҷалби сармояи ташкилотҳои байналхалқӣ сомонаи интернетии китобхонаро такмил намуда маъхазҳои маълумотӣ ва феҳристҳои электронии китобхонаро дар сомона ҷойгир намоянд», – зикр мегардад дар иттилои муассиса.

Қобили зикр аст, ки сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

www.gptb.tj

яке аз  сомонаи интернетӣ (соли ташкил 2007) дар соҳаи иттилооти-китобхонавӣ дар фазои ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад, ки ҳамарӯза аз он зиёда аз 100 нафар истифодабаранда истифода мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.