Корхонаи истеҳсоли намаки ноҳияи Ёвон бозсозӣ мешавад

Корхонаи истеҳсоли намаки Ёвон бозсоз ӣ ва бо  техникаи нав муҷаҳҳаз мегардад. Дар ин бора 22-юми июл ба хабарнигорон раиси ноҳия  Раҷабалӣ Тағоев иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, корхонаи мазкур тайи чанд соли охир бо сабаби куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоташ  аз фаъолият бозмонда буд. «Таҷҳизоти ин корхона аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буданду масрафи зиёди […]

Сайраҳмон Назриев


Корхонаи истеҳсоли намаки Ёвон бозсоз



ӣ ва бо



 техникаи нав муҷаҳҳаз мегардад. Дар ин бора 22-юми июл ба хабарнигорон раиси ноҳия  Раҷабалӣ Тағоев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, корхонаи мазкур тайи чанд соли охир бо сабаби куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоташ  аз фаъолият бозмонда буд. «Таҷҳизоти ин корхона аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буданду масрафи зиёди барқро талаб мекарданд. Баъдан корхонаи номбурда барои истеҳсоли намак буғро аз маркази гармидиҳии ноҳия мегирифт, ки ин марказ ҳам солҳои охир фаъолият надорад.  Соҳибмулки ин корхона акнун таҷҳизоти нави чиниро васл карда истодааст», – гуфт раиси ноҳия. Ба ҷуз ин, таъкид дошт Тағоев, бо васли таҷҳизоти нави замонавӣ иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб зиёд хоҳад шуд. Таҷҳизоти нави корхона бо хароҷоти кам метавонад намаки ошии хушсифатро истеҳсол кунад.

Ба иттилои ӯ, корхона то моҳи сентябри соли ҷорӣ бояд ба фаъолият шурӯъ кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.