Айни замон дар Тоҷикистон 55 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2 млрд. доллари ИМА мавриди амалисозӣ қарор дорад.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, то 1-уми июли соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур беш аз 5,9 млрд. сомонӣ (зиёда аз 1,2 млрд. $) маблағҳо азхуд шудаанд, ки аз ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузорӣ 60,3%-ро ташкил медиҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳудуди 818 млн. $ ё худ 40% аз ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузориро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд, ки ба 11 лоиҳаи бахшҳои гуногуни иқтисод маблағгузорӣ шудаанд.



