Ахири июл гармии обуҳаво ба нуқтаи ниҳоӣ мерасад

Обуҳавошиносони Тоҷикистон ба нуқтаи ниҳоӣ расидани гармии обуҳаво дар моҳи июлро пешгӯӣ мекунанд. Бино ба маълумоти мутахассисони Муассисаи давлатӣ оид ба гидрометеорологияи ҷумҳурӣ, рӯзҳои 27-30-юми июл болоравии босуръати ҳарорат дар назар аст. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳо ҳарорати рӯзона дар вилояти Хатлон 41-46 дараҷа, вилояти Суғд – то 43 дараҷа, ноҳияҳои тобеи марказ – […]

ASIA-Plus


Обуҳавошиносони Тоҷикистон ба нуқтаи ниҳоӣ расидани гармии обуҳаво дар моҳи июлро пешгӯӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти мутахассисони Муассисаи давлатӣ оид ба гидрометеорологияи ҷумҳурӣ, рӯзҳои 27-30-юми июл болоравии босуръати ҳарорат дар назар аст.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳо ҳарорати рӯзона дар вилояти Хатлон 41-46 дараҷа, вилояти Суғд – то 43 дараҷа, ноҳияҳои тобеи марказ – 38-43 ва манотиқи кӯҳистон – 35-40 дараҷа гарм мешавад.

«Бинобар сабаби муддати зиёд пойдор будани ҳарорати баланд ва дар назар набудани боришот, ин рӯзҳо ба вуҷуд омадани вазъҳои хатарноки сар задани сӯхтор дар ҷумҳурӣ, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, хатари тармафароӣ дар баландии 4000-4500 метр аз эҳтимол дур набуда, аз номусоидии обуҳаво барои афроде, ки вазъи солимиашон ба мутобиқати иқлим зиёд вобастагӣ дорад, интизорӣ меравад», – таъкид месозанд обуҳавошиносон.

Ғайр аз ин, обуҳавошиносон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки рӯзҳои гармии тоқатфарсо аз ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард тавассути автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм худдорӣ кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.