Э.Раҳмон Шоҳи Белгияро ба муносибати сари тахт нишастан табрик кард

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба сари тахт нишастан ба Шоҳи Белгия Филипп барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки робитаҳои Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчӯбаи шарикии муваффақонаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар майдони равобити дуҷониба рӯ ба рушду густариш ҳастанд. […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба сари тахт нишастан ба Шоҳи Белгия Филипп барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки робитаҳои Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчӯбаи шарикии муваффақонаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар майдони равобити дуҷониба рӯ ба рушду густариш ҳастанд.

Дар барқия изҳори итминон карда мешавад, ки дар марҳалаи ҷадиди фаъолияти Шоҳ Филипп робитаҳо таҳкиму тақвияти бештар касб хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми июл Шоҳи Белгия Алберти II расман аз тахти шоҳӣ даст кашида, писари ӯ Филипп сари тахт омад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.