Таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши эродҳо ба Кодекси нави андоз

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши шикоятҳои сершумори соҳибкорони ватанӣ нисбати бандҳои ҷудогонаи Кодекси нави андоз, ки гӯё ба рушди тиҷорат монеъа эҷод месохта бошанд, гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар ин бора ба журналистон зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз 1-уми август комиссия таҳти сарварии муовини аввали […]

Аваз Юлдошев


Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши шикоятҳои сершумори соҳибкорони ватанӣ нисбати бандҳои ҷудогонаи Кодекси нави андоз, ки гӯё ба рушди тиҷорат монеъа эҷод месохта бошанд, гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар ин бора ба журналистон зимни нишасти хабарии имрӯза роҳбари Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз 1-уми август комиссия таҳти сарварии муовини аввали нахуствазир Матлубхон Давлатов тамоми шикояту пешниҳодҳои соҳибкоронро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.

«Аз соли 2013 Агентӣ ташхиси зиддикоррупсионии баъзе асноди меъёрӣ-ҳуқуқии давлатиро мегузаронад ва то имрӯз ба лоиҳаҳои баъзе қонун ва қарорҳои ҳукумат хулосаҳои манфӣ пешниҳод гардид. Масалан, нисбати лоиҳи қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи назорати давлатии захираҳои обии ҶТ», ки метавонад ба амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби иҷрокунандагони он боис гардад ва ба фармони вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ «Дар бораи тартиби ягонаи барасмиятдарории патент барои соҳибкорон» хулосаи манфӣ дода шуд», – таъкид кард Саидов.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.