Муаррифии сериали телевизионӣ доир ба мушкилоти тоҷикистониён

Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии сериали телевизионии «Умед ба адолат» доир мегардад, ки мушкилоти рӯзмарраи тоҷикистониёнро дарбар мегирад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони ин чорабинӣ хабар доданд, сериали телевизионӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ дар Тоҷикистон» наворбардорӣ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Фонди Аврусоиёи Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии сафоратхонаи ИМА […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии сериали телевизионии «Умед ба адолат» доир мегардад, ки мушкилоти рӯзмарраи тоҷикистониёнро дарбар мегирад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» созмондиҳандагони ин чорабинӣ хабар доданд, сериали телевизионӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ дар Тоҷикистон» наворбардорӣ шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Фонди Аврусоиёи Осиёи Марказӣ бо дастгирии молиявии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Филм аз рӯзгори ҳуқуқшиноси ҷавон Дилшод Олимов ҳикоят мекунад, ки ба шаҳрвандони қатории Тоҷикистон кӯмак мекунад. Бо пешниҳоди кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба онҳо, ӯ ба мушкилоти рӯзмарраи имрӯза – хушунати оилавӣ, даст кашидан аз пардохти алимент, монеъа гузоштан ба таҳсили духтарон ва ғайра дучор мегардад. Ҳар як серияи филм таърихи мушкилоти алоҳидаест, ки ба тақдии одамон таъсир мерасонад.

Ба иттилои манбаъ, ҳар кадоме аз серияҳои филм бар рӯйдодҳои воқеъии дар кишвар рухдода асос ёфта, роҳу воситаи ҳалли ин ё он мушкилот комилан тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон тасвир мешавад.

Паймонкори фаръии наворбардории филм ширкати Art-Vision аст. Лоиҳаи «Мусоидат ба маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ дар Тоҷикистон» аз моҳи июни соли 2012 то моҳи сентябри соли 2013 амалӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.