Ф.Саидов: Тамоми айбҳои Зайд Саидов дар суд исбот хоҳанд шуд

Тамоми айбҳои аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов пешниҳодшуда дар суд исбот хоҳанд шуд. Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард. Ба гуфтаи ӯ, замони дар мансаби вазири саноати Тоҷикистон қарор доштан З.Саидов як тарзи хеле «шавқовар»-и хусусигардонии иншооти вазорати […]

Аваз Юлдошев


Тамоми айбҳои аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ Зайд Саидов пешниҳодшуда дар суд исбот хоҳанд шуд. Ин нуктаро зимни нишасти хабарӣ роҳбари Агентӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард.

Ба гуфтаи ӯ, замони дар мансаби вазири саноати Тоҷикистон қарор доштан З.Саидов як тарзи хеле «шавқовар»-и хусусигардонии иншооти вазорати тобеъашро таҳия намудааст.

«Бо ин тарз З.Саидов 15 иншооти Вазорати саноатро хусусӣ гардонидааст, нахуст онро ба шиносҳову ҳамсоягон ва хешовандони дур ва сипас баъди аз мансаби вазирӣ рафтан ба ҳамсарону кӯдакони худ номнавис кардааст. Шахсоне, ки нахуст ҳамчун моликони иншооти мазкур зикр мешуданд, имрӯз изҳор медоранд, ки ба онҳо ҳеҷ муносибате надоранд», – таъкид кард Ф.Саидов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки танҳо зимни сохтмони бинои баландтарини пойтахт – «Душанбе-Плаза», ки арзиши лоиҳавиаш ҳудуди 189 млн. сомониро ташкил медиҳад, Зайд Саидов тавассути изофанависӣ ҳудуди 38 млн. сомониро азхуд намудааст.

Роҳбари Агентӣ ба журналистон намунаи паркети дар иншооти «Душанбе-Плаза» истифодашударо нишон дод.

«Чӣ хеле ки мебинед, дар ҳақиқат ҳам З.Саидов ба ҷойи паркети ороишӣ аз чӯб паркет аз картонро истифода карда, паркети арзишаш 30 доллари ИМА барои як метри мураббаъро 266 доллари ИМА барои 1 метри мураббаъ ҳуҷҷатгузорӣ намудааст», – иброз дошт Саидов.

Дар робита ба айби пешниҳодшуда нисбати З.Саидов оид ба далели таҷрвуз ба номуси духтари 14-сола, роҳбари Агентӣ зикр кард, ки дар ин парванда баёноти табибоне мавҷуд аст, ки дар амали исқоти ҳамли ҷабрдида ҳузур доштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.