Ҳаракати нақлиёт дар қисми ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ барқарор шуд

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қисми ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (рӯйи рӯдхонаи Душанбинка), ки ахири моҳи май қатъ гардида буд, барқарор шуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати истифодаи роҳҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сӯҳроб Мирзоев хабар дод, шурӯъ аз дирӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи қисмати азнавсозишудаи ҷанубии пул оғоз гардида, акнун дар қисмати […]

Аваз Юлдошев


Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар қисми ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ (рӯйи рӯдхонаи Душанбинка), ки ахири моҳи май қатъ гардида буд, барқарор шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати истифодаи роҳҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт Сӯҳроб Мирзоев хабар дод, шурӯъ аз дирӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи қисмати азнавсозишудаи ҷанубии пул оғоз гардида, акнун дар қисмати шимолии пул корҳои таҷдид шурӯъ мешаванд, ки он низ муддати ду моҳ идома меёбад.

«Барои таъмир ва азнавсозии пули мазкур ва роҳҳои вуруд ба он аз буҷети пойтахт 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шуд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Мирзоев, ба суръатбахшии бештар ба корҳои азнавсозии роҳу пулҳои пойтахт иншооти кӯҳнаи коммуникатсионӣ монеъа эҷод месозанд, ки маъмулан зери роҳҳо сохта шудаанд.

«Дар масъалаи маблағгузорӣ ва таъминот бо масолеҳи сохтмон бинокорони роҳу пулҳо ҳеҷ мушкилие надоранд», – зикр кард намояндаи мақомоти шаҳрдорӣ.

Номбурда изҳори итминон кард, ки корҳои таъмир ва азнавсозии аксари роҳҳои мошингарди пойтахт бо наздикшавии таҷлили ҷашни солгарди навбатии Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом хоҳанд расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.