Дастраси ҷомеа шудани Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи ҶТ

spot_imgspot_img

Дата:


Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳи ҶТ (ИНИТ) барои интихоботи демократии 2013 Консепсияи пешазинтихоботии худро дастраси аҳли ҷомеа гардонида, хостори баррасии ҷамъиятии он шудааст.

Дар пешгуфтори ин 

Консепсия

, ки торнамои Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон нашр кардааст, раиси ин ҳизб Раҳматилло Зойиров дар муроҷиат ба шаҳрвандон ва ҳукуматдорони кишвар чунин навиштааст:

«Ба таваҷҷуҳи шумо Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи ҶТ (ИНИТ) барои интихоботи демократии 2013, ки рӯзи 10-уми августи соли 2013 дар ҷаласаи ИНИТ аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласаи мазкур ҳамчун асос қабул гардидааст, пешниҳод карда мешавад. Шумо метавонед дар ФБ (

Facebook

) дар зери матни ин Консепсия оид ба мазмун ва мундариҷаи он ҳама гуна пешниҳоду тавсияҳои худро оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ва такмил додани он, то соати 22.00 рӯзи 16-уми августи соли 2013 (ҷумъа) изҳор намоед. Метавонед дар давоми ҳамин мӯҳлат пешниҳоду тавсияҳои худро ба почтаи электронии 

[email protected]

 ворид намоед.

Гурӯҳи кории ҳамоҳангсози ИНИТ ҳама гуна пешниҳоду тавсияҳои Шуморо бо сипос қабул намуда, матни ниҳоии Консепсияро ба ҷаласаи гурӯҳи васеи ҳамахонагсози ИНИТ, ки рӯзи 17.08.2013 соати 10.00 дар қароргоҳи ҲСДТ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Расулов, 13/1, ҳуҷраи 27 баргузор мегардад, барои таҳрири ниҳоӣ, қабул ва нашри он пешниҳод менамояд.

Хоҳиш мекунам, ба матни ин Консепсия шинос гардед, таҳлил намоед, андеша кунед ва пешниҳоду тавсияҳои худро барои ворид кардан ба ин Консепсия фиристед, ки асоси Барномаи номзади ягонаи ИНИТ дар интихоботи президентии ҶТ 2013 мегардад ва манфиатҳои умумии на танҳо ҳизбу созмонҳои ба ИНИТ воридшуда, балки манфиатҳои ҳар як шахс, мардум ва ҷомеаву давлатдории Тоҷикистонро ифода мекунад».



Консепсияи пешазинтихоботии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи ҶТ (ИНИТ)


Муқаддима

Санади мазкур дидгоҳҳои умумии ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳои аъзои ИНИТ дар бораи ояндаи Тоҷикистон мебошад, ки бояд меҳвари барномаи интихоботии номзади ягонаи он қарор бигирад.


I. Ҳадаф ва принсипҳои асосӣ

Таъмини воқеии:

а) мардумсолорӣ ва баробарии ҳама дар назди 

қ

онун ва суд;

б) арзиши олӣ доштани инсон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба ҳар фарди ҷомеа;

в) амали ҳокимияти давлатӣ дар асоси тақсими салоҳиятҳо байни ҳокимияти қонунгузор, иҷроияи ва судӣ;

г) фазои рушди соҳибкории хурду миёна ва муҳити солими сармоягузорӣ;

д) рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, озодии виҷдон, сухан, фаъолият, мусофират ва ВАО.


II. Ислоҳоти конститутсионӣ

Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, хусусан:

а) маҳдуд намудани муҳлати президентӣ ба ду чорсола ва тақсими салоҳиятҳои идораи давлат байни Президент, сарвазир ва парламент;

б) боқӣ мондани Президент ҳамчун сарвари давлат ва гузоштани роҳбарии ҳокимияти иҷроия ба д

ӯ


ши Сарвазир;

в) гузаштан ба парлумони якпалатагӣ бо таъмини намояндагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо (90 вакил + 60 вакил аз р

ӯ

йхати аҳзоб, ҷамъ 150 вакил;

г) ҳизби ғолиб номзадии Сарвазирро ба Президент барои пешниҳод ба Парлумон муаррифӣ мекунад. Дар сурати аксарияти овозҳоро нагирифтани ягон ҳизб, эътилофи аҳзоби парлумонӣ номзад ба мақоми Сарвазирро ба Президент муаррифӣ мекунад. Сарвазири интихобшуда аъзои ҳукуматро барои таъйид ба Парлумон пешниҳод менамояд;

д) интихобӣ будани раисони вилоят, шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо;

е) интихобӣ будани судяҳои ҳама зинаҳои судӣ;

ж) интихоби раиси КМИР дар ҷаласаи Парламенти ҶТ бо пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ.


III. Барномаи амалӣ


а) соҳаи и

қ

тисод, иҷтимоиёт ва маънавиёт:

– таъмини бе чунучарои аҳолии Тоҷикистон бо барқ ва ба истифода додани 2 агрегати НБО-и Роғун;

– таъмини сиёсати рушди истеҳсолот, хусусан, саноат ва аз нав дида баромадани низоми андозбандӣ, боҷситонӣ ва гумрук ба хотири таъмин ва рушди шароити соҳибкорӣ ва истеҳсолот;

– аз нав дида баромадани сиёсати давлатии муҳоҷират ва таъмини сифатии он, бо таъмини авлавияти истеҳсолот ва эҷоди ҷойҳои корӣ бо маоши сазовор дар дохили кишвар;

– таъмини ҳадди ақали музди меҳнати баробар бо мизони сабади истеъмолӣ;

– даст кашидан аз низоми ноодилонаи нафақадиҳии аҳолӣ, барқарор ва бештар кардани имтиёзҳое, ки нафақахӯрон, маъюбон ва кишрҳои осебпазири аҳолӣ доштанд;

– авлавияти давлат

ӣ

 шудани доруфурӯшӣ барои таъмини имтиёзноки нафақахӯрон, маъюбон ва кишрҳои осебпазири аҳолӣ бо доруворӣ;

– таъмин намудани хизматрасонии бепули давлатии тиббӣ;

– ба мардум баргардонидани маблағи қарзӣ ва пули саҳмияҳо, ки аз ҷониби давлат ва бонкҳо аз аҳолӣ гирифта шудаанд;

– таъмини назорати истифодаи грантҳо, кӯмакҳои башардӯстона, кредитҳо ва дигар қарзҳо;

– бепул кардани низоми таҳсилоти ҳамагонӣ;

– бартарият додан ба самтҳои улуми дақиқ, таҷрибӣ ва технологӣ (на камтар аз 65%) дар низоми маориф;

– ворид намудани хидмати алтернативӣ дар артиш ва тадриҷан гузаштан ба артиши касбӣ;

– қотеъона даст кашидан аз пулакӣ кардани роҳҳо бе таъмини роҳҳои алтернативӣ.


б) соҳаи кишоварзӣ:

– таъмини одилонаи ислоҳоти замин ва танзими ҳуқуқии заминдорӣ, хусусан, дар муносибатҳои 

қ

арз

ӣ

 ва замонати бонк

ӣ

, бо додани бартарият барои рушди соҳаи агросаноатӣ;

– ислоҳоти воқеии аграрӣ, хусусан, дар соҳаҳои истифодаи замин, мелиоратсия, хочагии об, бо мақсади баргардонидани замин ва воситаҳои асосии хоҷагии қишлоқ ба деҳқонон ва соҳибкорон дар ин соҳа;

– таъмини имтиёзҳои мақсаднок ба кормандони соҳаи кишоварзӣ дар асоси озмун барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷумла, озод кардан аз андозбандии соҳа.


в) соҳаи сиёсӣ, муносибатҳои давлат ва дин:

– эълони афви умум барои маҳбусони сиёсӣ ва афроде, ки барои андеша, ақида ва мавқеи сиёсӣ ё динӣ ҳабс шудаанд;

– аз нав дида баромадани қонунгузорие, ки боиси маҳдуд шудани озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва маънавии шаҳрвандон гаштаанд;

– таъмини ҳуқуқи озодона муттаҳид шудан ва ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, динӣ;

– таъмини воқеии принсипи ҷудо

ӣ

 байни ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ.


г) соҳаи сиёсати хориҷӣ:

– муайян ва мушаххас намудани бартариятҳои манфиати миллӣ ва принсипҳои сиёсати хориҷии ҶТ бо давлатҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалии байнидавлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– бознигарии муносибатҳо бо кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ба хотири беҳтар кардани равобити дутарафа ва бисёртарафа, расидан ба низоми бидуни раводид (виза) бо ин кишварҳо, дастёбӣ ба тиҷорат ва ҳамкориҳои имтиёзнок байни Тоҷикистон ва ҳама кишварҳои минтақа;

– аз нав дида баромадан ва такмили қонунгузории ҶТ дар соҳаи сиёсати хориҷӣ.


IV. Муқаррароти ниҳоӣ

а) Ин концепсия барои як давраи 4-солаи гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми воқеан демократӣ пешбинӣ шудааст, ки номзад 

ӯ

ҳдадор мешавад, дар сурати интихоб шуданаш ба мансаби Президенти ҶТ, онро амалӣ намояд.

б) агарчи Сарқонуни кишвар муҳлати президентиро 7 сол муайян кардааст, вале номзад ба президентӣ аз ИНИТ 

ӯ

ҳдадор мешавад, ки барномаи давраи гузаришро дар муддати то чор сол анҷом дода, шароитро барои интихоботи нави президентӣ омода месозад. Яъне пас аз давраи гузариш, интихоботи нави президентӣ дар асоси ислоҳоти воридшуда ба Сарқонуни ҶТ баргузор мегардад.

в) Номзад ба президентӣ аз ИНИТ, ки президент интихоб гардид ва Консепсияи мазкурро амал

ӣ

 гардонид, ҳақ

қ


и пешниҳод шудан ба номзади президентӣ дар давраи пас аз чорсолаи гузариш надорад;

г) Дар давраи гузариш бояд Ҳукумат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳо ташкил шавад, ки авлавият ба ҷавонон дода мешавад. Ҳиссаи бонувон дар ҳукумати оянда на камтар аз чоряки аъзои он бошад. Инчунин намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар умум на бештар аз 40 дарсади аъзои ҳукуматро ташкил намоянд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...