Дороиҳои умумии низоми бонкии Тоҷикистон 12,7% афзуданд

Нимсолаи аввали соли равон дороиҳои умумии низоми бонкии Тоҷикистон 11 870,9 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ахири соли гузашта 1 341,3 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 12,7% (1 $ = 4,76 сомонӣ) афзуданд. Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар робита ба нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ сохтори дороӣ ва уҳдадориҳо дар нимсолаи аввали соли […]

Заррина Эргашева


Нимсолаи аввали соли равон дороиҳои умумии низоми бонкии Тоҷикистон 11 870,9 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо ахири соли гузашта 1 341,3 млн. сомонӣ ё худ ба андозаи 12,7% (1 $ = 4,76 сомонӣ) афзуданд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, дар робита ба нишондиҳандаҳои асосии низоми бонкӣ сохтори дороӣ ва уҳдадориҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тағйир ёфтанд. Аз ҷумла, вазни қиёсии қарзҳо (нетто) ва сармоя дар сохтори дороиҳо мутаносибан 49,6 ва 1,5% ва депозитҳо дар сохтори уҳдадориҳо 55,2%-ро ташкил доданд.

Дар ҳамин ҳол, бақияи умумии сандуқи қарзии низоми бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ 5 964,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1 039 млн. сомонӣ ё худ 21,1% зиёд шуд.

Ёдрас мекунем, ки коршиносони Агентии рейтинги «РИА Рейтинг» таҳқиқоти навбатии ҳамасолаи бахшҳои бонкии кишварҳои узви ИДМ-ро доир намуданд, ки тибқи он

рейтини 100 бонки бузургтарини ИДМ

ба санаи 1-уми январи соли 2013 таҳия гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон тариқи хати CASA-1000 тобистони соли оянда оғоз мешавад

Инро намояндагони ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии хатти интиқоли барқи байниминтақавӣ ваъда медиҳанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.