Номзадии раисони Ҳисору Восеъ ва ректори ДДХ ба аъзогии Маҷлиси миллӣ


Комиссияҳои интихоботии ҳавзавии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ номзадҳо ба аъзогии палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба ивази аъзои дар моҳи июл хориҷшударо ба қайд гирифтанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифов ва ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) Имомёрбек Қаландарбеков ба сифати номзадҳо ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон номнавис шудаанд.

Маъракаи интихоботи аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ муқаррар шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки 4-уми июли соли равон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пас аз баррасии аризаи Гулхоҷа Ҷангибеков, Султон Валиев ва Баҳриддин Солиҳов оид ба қатъи пеш аз мӯҳлати ваколати онҳо ҳамчун аъзои палатаи болоии парлумон қарор қабул карданд. Ҳамзамон вакилони мазкур аз ҳайати кумитаҳои дахлдори палатаи болоии парлумон хориҷ карда шуданд.

Моҳи марти соли 2012 онҳо мутаносибан аз ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ аъзои МММО ҶТ интихоб шуда буданд. Моҳи феврали соли равон С.Валиев ва Б.Солиҳов аз мансабҳои раиси ноҳияҳои Восеъ ва Хатлон озод гардиданд. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 11-уми майи соли 2012 Гулхоҷа Ҷангибеков аз мақоми ректори Донишгоҳи Хоруғ сабукдӯш карда шуд.

Палатаи болоии парлумон аз 33 вакил иборат буда, мувофиқи Конститутсияи ҶТ, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо роҳи ғайримустақим тавассути овоздиҳии пӯшида дар ҷамъомадҳои муштараки вакилони мардумии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.

Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ, вилоятҳо, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ теъдоди баробари намояндаҳо – ҳар кадоме 5 вакил доранд.  Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 вакил) президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Маҷлиси миллӣ дар асоси даъват фаъолият менамояд.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси миллӣ интихоб ва ё таъин гардад.

Ҳар як президенти собиқи Тоҷикистон то охири умр аъзои Маҷлиси миллӣ маҳсуб мешавад, агар ӯ аз ин ҳуқуқи худ даст накашад.

spot_imgspot_img

Популярное