Раиси ҲНИТ бо интихобкунандагони муқими Русия як қатор вохӯриҳо доир мекунад

Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ карда, ҳамзамон интихобкунанда низ мебошанд, мулоқот доир намуд. Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки боздиди раиси […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 18-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва шаҳрвандони тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ карда, ҳамзамон интихобкунанда низ мебошанд, мулоқот доир намуд.




Сухангӯи ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки боздиди раиси ҳизб чун намояндаи мардумӣ дар парлумон дар доираи чорабиниҳои парламенти ҷумҳурӣ ва дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Русия сурат гирифтааст. «Ҳамчунин созмони «Интеллектуалҳои ҷавони Тоҷикистон» ва диаспораи тоҷикон дар Русия низ аз созмондиҳандагони ин сафар мебошанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли Ҳ.Сайфуллозода, дар пойтахти Русия раиси ҳизб дар тӯли ду рӯз як қатор мулоқотҳо доир намуда, сипас дар таърихи 20-уми сентябр дар шаҳри Уфа, 21-уми сентябр дар шаҳри Қазон ва 22-уми сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург бо муҳоҷирони тоҷик вомехӯрад.



«Маълум аст, ки аксари интихобкунадагони ҷумҳурӣ айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва

 

дидору млоқотҳо бо онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти аъзои парлумони ҷумҳурӣ аст», – афзуд Ҳ.Сайфуллозода.



Номбурда зикр кард, ки дар сафар М.Кабириро фаъолони ҳизб, ки феълан дар Русия қарор доранд, ҳамроҳӣ мекунанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.