Русия барои барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ дар Осетияи Ҷанубӣ аз кишварҳои ИДМ дастгирӣ мехоҳад

Душанбе. 19-уми сентябр – Дар ҳамоиши сеюми рӯшанфикрони кишварҳои мустақили муштарак-ул-манофеъ дар минтакаи Пуғус, воқеъ дар 40 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе роҳҳои баркарор сохтани равобити ҳасанаи фархангӣ, илмӣ ва ҳунарии даврони шӯравӣ дар миёни кишварҳои узви ин Иттиҳод баррасӣ шудааст. Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш ба ҳифзи осори таърихию фарҳангӣ ба ҳангоми мунозеъоту даргириҳо таъкид шуда […]

ВВС


Душанбе. 19-уми сентябр – Дар ҳамоиши сеюми рӯшанфикрони кишварҳои мустақили муштарак-ул-манофеъ дар минтакаи Пуғус, воқеъ дар 40 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе роҳҳои баркарор сохтани равобити ҳасанаи фархангӣ, илмӣ ва ҳунарии даврони шӯравӣ дар миёни кишварҳои узви ин Иттиҳод баррасӣ шудааст.




Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш ба ҳифзи осори таърихию фарҳангӣ ба ҳангоми мунозеъоту даргириҳо таъкид шуда ва ҳодисаи тахриб шудани осори таърихӣ дар Осетиёи Ҷанубӣ аз сӯи нерӯҳои Гурҷистон маҳкум гардидааст.

 




Ҳифзи осори таърихӣ яке дигар аз масоили мавриди баҳс дар ин ҳамоиш буда ва ширкаткунандагон ба зарурати тасвиби мусаваббаи вижа дар заминаи ҳимояти осори таърихӣ ба ҳангоми мунозеъот ва даргириҳо дар қаламрави кишварҳои мустақили ҳамсуд таъкид карданд.

 




Зеро ба эътиқоди Михаил Швидко, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фарҳангӣ дар ҷараёни даргириҳо дар Осетиёи Ҷанубӣ дар моҳи гузашта, бахши умдаи осори гаронбаҳои таърихию фарҳангии шаҳри Схинволи аз сӯи нерӯҳои Гурҷистон комилан тахриб гардидаст.

 




Қарор аст, Ҳамоиши сеюми рӯшанфикрони кишварҳои узви Иттиҳоди мамолики мустақили муштаракулманофеъ феҳристи масоили мубрами фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунариро таҳия карда ва барои баррасӣ ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин Иттиҳод пешниҳод кунанд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.