Дар Лондон бори нахуст фестивали филмҳои тоҷикӣ баргузор мешавад

Дар Китобхонаи марказии Кенсингтони Лондон 14-уми август фестивали филм

ҳ

ои тоҷикӣ кушода шуд, ки то 17-уми ҳамин мо

ҳ

 идома хоҳад ёфт.

 

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» созмондиҳандагони чорабинии фарҳангӣ – сафорати Тоҷикистон дар Блитониё иттилоъ дод, дар ин кишвар бори нахуст аст, ки чунин чорабинӣ доир мегардад. То анҷоми фестивал филмҳои «Рустам ва Суҳроб», «Сиёвуш», Қисмати шоир»-и 

Борис Кимёгаров

, «Қиёми рӯз»-и 

Носир Саидов

, «Овора»-и 

Г.Муҳаббатова

 ва «Қош ба қош»-и 

Бахтиёр Худойназаров

 ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Дар сафорат зикр карданд, ки дар рӯзи кушодашавии фестивал наздик ба 100 нафар форсизабонон ва сокинони маҳаллӣ ҷамъ омада буданд. Филмҳо бо забони тоҷикӣ пешниҳод шуда, дар зери ҳар яки он субтитрҳо ба забони инглисӣ ҷо дода шудаанд.


«

Ба муносибати ин чорабинии фарҳангӣ дар рӯзи аввал аз ҷониби сафорат қабули расмӣ ташкил карда шуд, ки дар рафти он намояндагони воломақоми кишвари иқомат, идораҳои ҳукуматӣ, корпуси дипломатӣ, аъзоёни парлумони Британия, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, созмонҳои фарҳангӣ, аз ҷумла созмонҳои бонуфузи эронӣ ва афғониву ҳамватанон ширкат доштанд. Сафири

Тоҷикистон дар Блитониё


 

Э.Қосимов ин фестивалро ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки гузаронидани чунин маъракаҳо боиси ошно сохтани мардуми ин сарзамин бо расму оин ва фарҳанги Тоҷикистониён мегардад. Ӯ афзуд, ки ин фестивал ҳамчун пул байни ду миллат амал карда, барои боз ҳам наздиктар кардан ва вусъат бахшидан ба робитаҳои дуҷониба ду кишвар мусоидат хоҳад кард

»,-қайд карданд дар сафорат.

Зикр мегарада р

оҳбари Созмони 


«


Пайванд

»

 

Ҷ.Бадахшонӣ мақcади ин фестивалро муаррифии фарҳанги тоҷикон ба  шаҳрвандони Бритониёи Кабир ва тамоми форсизабонони ҷаҳон, алалхусус нафароне, ки берун аз Эрон ва Афғонистон  зиндагони мекунанд, хонд. 


«

Дар оянда дар назар аст, ки чунин филм фестивал дар ҳамкорӣ бо Созмони 

«

Пайванд

»

 дар дигар кишварҳои Аврупо, ба мисли Фаронса ва Шветсия баргузор карда шавад

»

, – таъкид доштанд дар сафорат.

 

spot_imgspot_img

Популярное