Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо раиси гурӯҳи парлумонии Британия оид ба ОМ ва Қафқоз


Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ раиси гурӯҳи парлумонии Британияи Кабир оид ба Осиёи Марказӣ ва Қафқоз лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир муҳокима гардида, ҷонибҳо омодагии хешро ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф иброз намуданд.

Дар мулоқот инчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное