Санаи баргузории интихоботи президент 30 август эълон мешавад

Ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистон, ки дар он санаи баргузории интихоботи президенти мамлакат эълон мегардад, рӯзи 30-юми август баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 15-уми август дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расонидааст. Ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи […]

Аваз Юлдошев


Ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумони Тоҷикистон, ки дар он санаи баргузории интихоботи президенти мамлакат эълон мегардад, рӯзи 30-юми август баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 15-уми август дар ин бора қарори дахлдор ба имзо расонидааст.

Ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон танҳо бо мақсади қабули қарор дар бораи эълони санаи баргузории интихоботи президент даъват карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 31-юми августи соли 2006 дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон санаи интихоботи қаблии президенти мамлакат 6 ноябр эълон гардида буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.