Ҳайати воломақоми Афғонистон дар ҳузури Э.Раҳмон

Бегоҳии рӯзи 15-уми август президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат аст, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон […]

ASIA-Plus


Бегоҳии рӯзи 15-уми август президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат аст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба омода кардан ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.

Зимни суҳбати созанда доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла интихоби масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии кадрҳои роҳи оҳан барои ин кишвари ҳамсоя дар ҷумҳурии мо, афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба он сӯйи рӯди Панҷ ва ғайра тавофуқоти муҳим ҳосил шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.