Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Тамринҳои дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар Норак дар


доираи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё ҷараён дошта, то 31-уми август идома меёбанд.

– Дар Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ таҳти унвони «Қонунгузории андоз: мушкилот ва рушди он» мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Вохӯриҳои аввали даври 1/8 финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон доир мегарданд. КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ», «Нури Норак» – «Энергетик», «Зарафшон» – «Эсхата», «Вахш» – «Хайр», «Далерон-Ӯротеппа» – «Равшан». Оғози бозиҳо соати 17:00.



Қурби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7664

сомонӣ;


1

евро

– 6.1819

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1485

сомонӣ.



Як рӯзи таърих




1939

– ИҶШС ва Олмон Муоҳада дар бораи ҳуҷум накардан ба якдигарро ба имзо расониданд.


1963

– Ифтитоҳи Анҷумани VIII-уми занони Тоҷикистон.


2001

– Парлумони кишвар лоиҳаи қонун «Дар бораи афви умумӣ»-ро маъқул шуморид. Амали ин қонун, ки бо ташаббуси президент дар остонаи Рӯзи истиқлоли ҷумҳурӣ қабул гардид, ба 19 ҳазор нафар шаҳрвандон дахл кард.


1870-1945

– Зодрӯзи нависанда Бобоюнус Худойдодзода.


1910

– Мавлуди Ҳунарпешаи халқии ИҶШС, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Николай Волчков.


1913-1985

– Зодрӯзи журналист Яков Налский.


1929-2003

– Мавлуди оҳангсоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Одилҷон Назаров.


1954

– Зодрӯзи футболбоз, устоди варзиши Тоҷикистон Валерий Турсунов.


1962

– Мавлуди нависанда Парда Ҳабиб.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


баъзан боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +4+9, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +36+38.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +22+24.

spot_imgspot_img

Популярное